ИСТИҚЛОЛИЯТ-ШИНОСНОМАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКОН. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба истиқлолият

Сентябрь 9, 2024 07:30

ДУШАНБЕ, 09.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолият беҳтарин неъмат барои ҳар давлату миллат ба шумор меравад, зеро дар он арзиши олии ватану ватандӯстӣ ва давлатсозию давлатдорӣ таҷассум меёбад.  Он  меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшида, дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар шахс ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин менамояд. Ба ифтихори 33-солагии Истиқлолияти  давлатии Тоҷикистон фишурдаи тавсифҳои истиқлолиятро аз суханҳои пурарзиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ пешниҳод менамоем.

Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, симои бақои миллат, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани мамлакати  соҳибистиқлоли тоҷикон аст.

***

Истиқлолу озодӣ барои мо рамзи воқеии ифтихор аз Ватану ватандӯстӣ, бузургтарин имконияти давлатсозиву давлатдории мустақил, илҳомбахши азму талошҳои созанда ба хотири таъмин намудани рушди давлат, ободии Ватан, зиндагии осоиштаи мардуми Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҳар оилаи давлат мебошад.

***

Истиқлолияти давлатӣ дар баробари он ки неъмати бузург мебошад, ҳифзу таҳкими он ба дӯши мардуми мамлакат масъулияти азим низ мегузорад. Яке аз омилҳои расидан ба қадри ин неъмати бузург ва ҳимояи он дар зеҳну шуури ҳар соҳибватан ташаккул додани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ ба ҳисоб меравад.

***

Мо – фарзандони Тоҷикистон ҳама якҷо бо заҳмати аҳлонаи худ ин Ватан ва ин сарзамини аҷдодиро обод месозем, давлати соҳибихтиёрамонро пешрафта мегардонем ва ҷойгоҳу обрӯи онро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баланд мебардорем.

***

Дар солҳои истиқлоли давлатӣ рушди соҳаҳои иҷтимоӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок эълон гардида, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифатнокиву саводнокии мардум, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва зина ба зина беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳамаи захираву имконият равон карда шуданд.

***

Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки истиқлоли давлатӣ муқаддастарин ва бузургтарин дастоварди халқи Тоҷикистон, бебаҳотарин неъмати зиндагии мо, мояи ифтихору сарбаландӣ ва нангу номуси хурду бузурги мамлакат ва сарчашмаи тамоми пешрафту комёбиҳои мардуми шарифи ҷумҳурӣ мебошад.

***

Истиқлол ва соҳибихтиёрӣ дар назди мо — шаҳрвандони Тоҷикистон вазифаи басе пурифтихори таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба орзуву ормон ва манфиатҳои мардуми ҷумҳурӣ ва эҷоди аркони давлатдории муосирро гузошт.

***

Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик ва сарнавишти мардуми мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва бо шарофати он мо соҳиби давлати соҳибихтиёр гардидем.

***

Истиқлоли мо калиди соҳибдавлатӣ ва ватанпарастии миллати сарбаланду соҳибфарҳанги тоҷик аст, ки тақдирашро ба дасти худ гирифта, бо роҳу равиши хос ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайвастааст ва ҳамеша мекӯшад, ки набзи давлату давлатдориро бо набзи сайёра ҳамоҳангу ҳамсадо намояд.

***

Бузургтарин сарват, қиматтарин гавҳар ва азизтарин неъмат барои ман халқи Тоҷикистони маҳбубам, обу хоки Ватани биҳиштосоям ва иззату обрӯи давлати соҳибихтиёру озодам дар байни ҷомеаи ҷаҳон мебошад!

***

Дастоварди бузургтарини мо дар замони истиқлоли давлатӣ сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, ки мо ба ин неъмати зиндагибахш бо баҳои бисёр гарон ва заҳмати ниҳоят зиёд муяссар гардидем.

***

Истиқлолият имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намоянд. Ба ин маънӣ, истиқлолият неъмати бебаҳо, мояи ифтихор, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерубахш ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории миллии мо мебошад.

***

Мо — тамоми аҳли ҷомеаи мамлакат бояд сарҷамъона ва бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ барои таъмини зиндагии шоистаи ҳар оилаи Тоҷикистони азизамон заҳмат кашем.

***

Истиқлолият барои мардуми куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги мамлакат барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд.

***

Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои бузургтарини таърихӣ мебошад, ки дар тақдири халқи куҳанбунёди мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард.

***

Истиқлоли миллӣ ба ҳайси омили муттаҳидсозандаи халқи Тоҷикистон имкони таърихӣ пеш овард, ки мо дар давлатамон бо такя ба арзишҳои аз ҷониби умум пазируфта таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузорем.

***

Истиқлолу озодӣ, истиқрори сулҳу суботи сартосарӣ ва ваҳдати миллӣ роҳи моро ба сӯи амалӣ гардонидани дигаргуниҳои бунёдии ҷамъиятиву сиёсӣ боз намуд.

***

Истиқлол нишонаи озодиву ҳувияти миллӣ ва мояи ифтихори ҳар соҳибватан, рамзи саодат ва шарти асоситарини бақои миллат ва давлати тоҷикон мебошад.

***

Муқаддас доштани истиқлолияти давлатӣ, ба ҷо овардани шукронаи давлати соҳибистиқлол ва Ватани озоду соҳибихтиёр вазифа ва қарзи шаҳрвандии ҳар фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад. Зеро маҳз бо шарофати истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон дар фаъолияти созмонҳои бонуфузтарини байналмилалӣ узвияти комилҳуқуқ ва як овози баробар дорад, ҷомеаи ҷаҳонӣ давлати моро мешиносад ва пешниҳодҳои онро дастгирӣ менамояд.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 9, 2024 07:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав бо тадбирҳои бунёдкорӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ шинос гардид
Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Миср таҷлил карда шуд
Роҳҳои ҷамоатҳои деҳоти «Алмосӣ», Мирзо Ризо ва Мирзо Турсунзодаи шаҳри Ҳисор таъмир ва мумфарш мегарданд
Сарвазири Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо ҷараёни иншооти бунёдшаванда шинос гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон соли 2028 мизбони Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид мегардад
Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Сеул таҷлил карда шуд
Дар Панҷакент сохтмони Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсӣ оғоз шуд
ДАҲСОЛАИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Инро метавон «Ташаббуси наҷотбахши башар» номид
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи обии «Роғун» бо нақби турбинии агрегати рақами 3 ва 4 шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи обии «Роғун» бо ҷараёни корҳо дар толори мошинҳо шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи обии «Роғун» бо ҷараёни корҳо дар Кони рақами 17 шинос шуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи обии «Роғун» бо ҷараёни корҳо дар нақбҳои обқабулкунандаи доимӣ ва шахтаҳои дарвозаҳои он шинос шуданд