«Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав таҳия карда мешавад
ДУШАНБЕ, 01.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдорро вазифадор мешаванд, ки «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар муддати шаш моҳ дар таҳрири нав таҳия карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Чунин супориш доданд имрӯз зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Муассисаи таҳсилоти умумии №19-и шаҳри Душанбе.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки бо қарори Ҳукумати мамлакат ҳанӯз 3-юми марти соли 2006 «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расида буд, ки дар зарфи 18 соли гузашта вазифаҳои худро асосан иҷро кард.
«Имрӯз бо дарназардошти тағйирёбии фазои сиёсиву иҷтимоии ҷаҳон ва бедор намудану тақвият бахшидани ҳисси миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандорӣ дар зеҳну шуури кӯдакону наврасон ва ҷавонон зарурати ворид намудани тағйирот ба консепсияи мазкур ва мукаммал намудани он ба миён омадааст», — хотирнишон намуданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Барои иҷрои ин кор, инчунин кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, марказҳои тадқиқоти стратегӣ, исломшиносӣ ва Иттифоқи нависандагон низ вазифадор шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад






