Кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур суханронии Президенти Тоҷикистонро бахшида ба Рӯзи Дониш дастҷамъона тамошо намуданд

Сентябрь 1, 2024 13:00

ДУШАНБЕ, 01.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба Рӯзи Дониш  ва Дарси сулҳ дастҷамъона тамошо намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур хабар медиҳад.

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-ро мавриди истифода қарор дода, дар Рӯзи Дониш ва оғози тантанавии соли нави таҳсили 2024-2025 иштирок намуданд.

Президенти ҷумҳурӣ  омӯзгорону хонандагони ин муассисаи зебои замонавӣ ва падару модарони арҷмандро ба муносибати ифтитоҳи он табрик гуфта, ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, соҳибкори ватанӣ, меъморону муҳандисон ва сохтмончиён, ки ин боргоҳи илму маърифатро бо сифати баланд бунёд кардаанд, барои ташаббуси ватандӯстона ва заҳмати софдилонаашон изҳори миннатдорӣ намуданд.

Президенти мамлакат зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки давомии чанд рӯзи охир дар шаҳри Душанбе панҷ муассисаи таълимӣ, ки дар доираи сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумати мамлакат бунёд гардидаанд, ба фаъолият оғоз карданд.

Бояд гуфт, ки солҳои 2017 – 2023 дар шаҳри Душанбе барои 72 ҳазор хонанда мактабҳои замонавии дорои шароиту имконияти беҳтарин бунёд ва ба истифода дода шуданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки танҳо давоми имсол барои беш аз 12 ҳазор нафар фарзандони сокинони пойтахт муассисаҳои муосири таълимӣ бунёд карда, шароити таълиму тадрисро дар пойтахти мамлакат бамаротиб беҳтар гардонад.

Илова бар ин, ҳоло дар шаҳри Душанбе сохтмони боз 24 муассисаи нави таълимӣ барои 47 ҳазор хонанда ва 55 муассисаи томактабӣ барои 11 ҳазору 500 нафар кӯдакон босуръат идома дорад.

Танҳо дар шаш моҳи имсол дар мамлакат 37 бинои муассисаи таълимӣ барои 15 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуда, сохтмони 200 бинои муассисаи таълимӣ барои беш аз 60 ҳазор хонанда идома дорад, ки то охири сол мавриди истифода қарор дода мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

Сентябрь 1, 2024 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд