«МегаФон Тоҷикистон»: чӣ тавр метавон корманди хушбахт гардид
ДУШАНБЕ, 03.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Одамоне ҳастанд, ки ҳар рӯз бо хушҳолӣ ба кор мераванд. Сабабаш ин аст, ки он ҷо фазои ҷолибу шавқовар мебошад, дар он ҷо дастаи боэътимод интизор аст, ки бо ҳам метавонед ояндаро бисозед. Тасвири зебои зиндагӣ? Барои баъзе ширкатҳо ин воқеият аст. Чунончи, дар ширкати «МегаФон Тоҷикистон» «индекси саодатмандӣ»-и кормандон 78,9 фоизро ташкил медиҳад.
Ширкат ҳар се моҳ пурсиши кормандонро мегузаронад. Ин як амали ихтиёрӣ аст: ҳеҷ кас маҷбуран талаб намекунад, ки андешаи худро дар бораи роҳбарон, ҳамкорон ва дигар муносибатҳои корӣ баён намоед. Бо вуҷуди ин, теъдоди иштирокчиёни пурсиш ҳамеша зиёд аст. Масалан, моҳи июн ҳиссаи онҳо 90 фоизро ташкил намуд. Худи ҳамин далел аз ҷалб ва иштирок дар ҳаёти ширкат дарак медиҳад.
Зимнан, яке аз нишондиҳандаҳои муҳим «ҷалбшавӣ» ном дорад. Он омодагии кормандро барои сарфи қувваи худ ба кор- на танҳо барои иҷрои вазифаҳои худ, балки бобати кумак ба ҳамкорон нишон медиҳад. Корманди ҷалбшуда моҳияти амалҳои худро дарк мекунад, аз ташаббускорӣ наметарсад ва натиҷаи тамоми коллектив барои ӯ муҳим аст. МегаФон Тоҷикистон на танҳо нисбат ба муҳити дохили ширкат ғамхорӣ мекунад, балки бо бузургтарин иштирокчиёни соҳаи телекоммуникатсия таносуб мегузаронад. Сатҳи иштирок дар ширкат хеле баланд-89 фоиз аст. Ин назар ба нишондиҳандаҳои миёнаи байни рақибон 4 фоиз бештар буда, натиҷаи минималии нисбат ба ҳамкасбони соҳаи телекоммуникатсия 14 фоиз зиёд аст*.
Саодатмандии кормандон аз чӣ иборат аст? Саодатмандӣ қариб ҳамаи ҷанбаҳои кор дар ширкат, аз ҷумла имкони суҳбати ошкоро бо роҳбарон, пешниҳоди идеяҳои ҷолиб ва татбиқи онҳо, муносибатҳо бо ҳамкорон ва набудани мамониатро барои такмил дар бар мегирад. Шароити бароҳат дар ҷои кор низ моҳияти хос дорад. Боз як ҷанбаи дигар- барномаҳои омӯзишӣ мебошанд, ки вобаста ба онҳо дар ширкат «Академияи МегаФон» фаъолият дорад. Дар он кормандон аз ҳамкасбони ботаҷриба ва коршиносони даъватшуда таълим мегиранд. Барои такомули касбӣ онлайн-платформаҳои омӯзишӣ низ кумак мекунанд. Ин аст, ки танҳо дар яке аз онҳо, яъне платформаи «Эдюсон» соли 2024 зиёда аз 3 ҳазор машғулият гузаронида шуд.
Аксари бандҳои қайдкардаи аъзои дастаи «МегаФон Тоҷикистон» ранги сабз доранд, бо ин ранг баҳоҳои баланде, ки ба ширкат дода шуданд, низ сабт карда мешаванд. Табиист, ки лаҳзаҳое низ ҳастанд, ки ба минтақаи зард меафтанд. Кормандон комилан фаҳмо дар бораи маоши баландтар орзу мекунанд ё масъалаҳои маиширо пеш мегузоранд. Масалан, бо хоҳиши онҳо дар идораҳо дастгоҳҳои қаҳватайёркунӣ гузошта шуданд, то ки онҳо бо як пиёла қаҳваи хуштамъ бардамиро эҳсос намоянд. Ноутбукҳои боиқтидор низ харида шуданд. Ширкат инчунин ба дигар дархостҳо таъҷилан эътино менамояд. Аз ин рӯ, шароити бароҳат боз ҳам зери ранги сабз қарор дошта, аз даҳ холи имконпазир — 8,2 холро ташкил медиҳад.
Нишондиҳандаҳои дигари «индекси саодатмандӣ» дар он ифода меёбанд, ки 87 фоизи иштирокчиён аз ширкат ифтихор доранд ва 85 фоиз омодаанд, ки онро ҳамчун ҷои кори беҳтарин ба дӯстону шиносон тавсия диҳанд. Далели ин тасмим бо муваффақияти ширкат ва сифати маҳсулоти он, муҳит дар коллектив ва ҷорикунии инноватсияҳои рақамӣ дар ҷомеа маънидод мегардад. Кормандон инчунин имконияти пешравии касбию кориро ба инобат мегиранд. Далели ҷолиб: дар шашмоҳаи якуми имсол 70 фоизи тамоми ҷойҳои кории холиро дар ширкат номзадҳои дохилӣ ишғол карданд, яъне номзадҳо ба вазифаҳои баланд, пеш аз ҳама, аз байни кормандон пайдо карда мешаванд. Аҷиб нест, ки 74 фоиз кормандон дар бораи ивазкунии ҷои кори ҳозираи худ кам фикр мекунанд ё умуман фикр накардаанд. 78 фоиз тайёр ҳастанд, ки корҳоро зиёдтар аз уҳдадориҳои вазифавиашон иҷро намоянд.
Мо аллакай рақамҳои зиёдеро номбар кардем. Happy Index низ маҳз аз маълумоти номбаршуда бармеояд. Зимнан, агар шумо дар як дастаи кордону серсоҳа фаъолият намоед, пас метавонед аз ҷиҳати касбию корӣ такмил ёбед. Омили дигари саодатмандӣ дар дастгирӣ ёфтани шумо аз тарафи роҳбарият зоҳир мегардад, яъне агар роҳбарият ташаббусҳои шуморо қобили қабулу дастгирӣ донад, ин боз як нишонаи саодатмандӣ маҳсуб мешавад.
«Давоми 23 соли фаъолият дар ҷумҳурӣ мо тавонистем дастае таъсис диҳем, ки суръати рушди соҳаи телекоммуникатсияро дар Тоҷикистон муайян намояд. Ин кор танҳо ба одамони шавқманд ва муҳимтар аз ҳама, ашхоси саодатманд муяссар мегардад. Ҳар ҷузъи алоҳидаро иваз кардан мумкин аст, вале кормандони саршор аз идеяҳо ва талоши ноилшавӣ ба натиҷаҳои умумӣ ивазнашавандаанд. Кормандон сарвати асосӣ ва пурарзиштарини ширкат мебошанд. Аз ин рӯ, на танҳо ба даст овардани баҳои баланди Happy Index, балки минбаъд низ нигоҳ доштани он муҳим аст», — мегӯяд директори иҷроияи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Анатолий Изюмников.
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»
______________
* Нишондиҳандаҳои ҷалбшавӣ аз рӯи бенчмарк бо ширкатҳои телекоммуникатсионии Федератсияи Русия