«НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 05.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба ифтихори 33- солагии Истиқлоли давлатӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ» ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.
Нахуст дастовардҳои илмию таълимӣ, китобҳои таълифнамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, китобҳои тозанашри илмию таълимии устодону кормандони донишгоҳ, таҳқиқоти илмии устодону кормандон, ки дар самтҳои гуногун пажуҳиш шудаанд, дастгоҳҳои замонавии таълимӣ-истеҳсолӣ, китобҳои нодири таърихӣ, дастовардҳои Маркази биотехнология ва Парки технологии донишгоҳ, Институти илмӣ-тадқиқотӣ, таҷҳизоти муосири фанҳои табиию риёзӣ ва маҷаллаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ намоиш дода шуданд.
Ҳамчунин дар ҳамоиш ба ифтихори 33 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, махсусан соҳаи илму маориф ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи миллӣ таваҷҷуҳ дошта, саҳми профессорону омӯзгорони ин боргоҳи илму маърифатро дар рушди илму маорифи мамлакат назаррас арзёбӣ менамоянд.
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Эмомалӣ Насриддинзода баён намуд, ки имрӯз таҷрибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ ва марҳалаи ибратомӯз гардидааст, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайваст мебошад.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон










Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд






