Намояндагони Хуросони Разавӣ барои иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии Тоҷикистон даъват шуданд
ДУШАНБЕ, 17.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо раиси Утоқи бозаргонӣ, саноат, маъдан ва кишоварзии Хуросони Разавӣ Муҳаммадризо Таваккулизода мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни суҳбат ҷонибҳо роҷеъ ба ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоративу сарягузорӣ ибрози назар намуда, ба масъалаи тақвияти бештари ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ диққати махсус зоҳир карданд. Барои тавсеаи ҳамкорӣ ва афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни ду давлат таъсиси корхонаҳои муштарак ва табодули ҳайатҳои тиҷоратӣ зарур дониста шуд.
Ҳамчунин Низомиддин Зоҳидӣ дар шаҳри Машҳад бо роҳбари намояндагии дипломатӣ бо роҳбарияти Утоқи муштараки Тоҷикистон ва Эрон ва аъзои Шурои муштараки соҳибкорони ду мамлакат вохӯрӣ анҷом дод. Зимни он масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат, сармоягузорӣ ва нақлиётӣ баррасӣ шуданд.
Дар фарҷоми суҳбат Низомиддин Зоҳидӣ роҳбарияти Утоқи бозаргонӣ ва доираҳои соҳибкории устони Хуросони Разавиро барои иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии Тоҷикистон, ки 24-26 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, даъват намуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди ОПЕК дар самти ҳифзи муҳити зист густариш меёбад
Дар Кӯлоб таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Тоҷикистон ва ИМА таъсиси Шурои муштараки кориро баррасӣ намуданд
Дар Павилиони миллии Тоҷикистон дар COP31 чорабинии минтақавӣ баргузор гардид
ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН — РАМЗИ ОЗОДӢ, ШАРАФ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар Душанбе ҳамкории молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуд
Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи COP31 Тоҷикистон, Умон ва Непал роҳҳои ҳалли мушкилоти обу иқлимро баррасӣ карданд
Соли 2027 дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен сохтмон ва насби таҷҳизоти сканкунии борҳо оғоз мегардад
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди вазирони Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 3,5 кило маснуоти тиллоӣ мусодира карда шуд






