Намояндагони Хуросони Разавӣ барои иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии Тоҷикистон даъват шуданд

Сентябрь 17, 2024 10:36

ДУШАНБЕ, 17.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо раиси Утоқи бозаргонӣ, саноат, маъдан ва кишоварзии Хуросони Разавӣ Муҳаммадризо Таваккулизода мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни суҳбат ҷонибҳо роҷеъ ба ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоративу сарягузорӣ ибрози назар намуда, ба масъалаи тақвияти бештари ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ диққати махсус зоҳир карданд. Барои тавсеаи ҳамкорӣ ва афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни ду давлат таъсиси корхонаҳои муштарак ва табодули ҳайатҳои тиҷоратӣ зарур дониста шуд.

Ҳамчунин Низомиддин Зоҳидӣ дар шаҳри Машҳад бо роҳбари намояндагии дипломатӣ бо роҳбарияти Утоқи муштараки Тоҷикистон ва Эрон ва аъзои Шурои муштараки соҳибкорони ду мамлакат вохӯрӣ анҷом дод. Зимни он масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ  дар соҳаи тиҷорат, сармоягузорӣ ва нақлиётӣ баррасӣ  шуданд.

Дар фарҷоми суҳбат Низомиддин Зоҳидӣ роҳбарияти Утоқи бозаргонӣ ва доираҳои соҳибкории устони Хуросони Разавиро барои иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии Тоҷикистон, ки 24-26 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе  баргузор мешавад, даъват намуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 17, 2024 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Дар Хатлон масъалаи таъсиси корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ баррасӣ гардид
Имсол аз Тоҷикистон беш аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст