Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи глобалии Шабакаи бонкдорӣ ва маблағгузории устувор дар Бразилия иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 14.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи ҷаласаи Гурӯҳи кории молияи устувор (SFWG)-и G2, ки 11-12 сентябри соли равон дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор шуд, ҷаласаи 8-уми глобалии Шабакаи бонкдорӣ ва маблағгузории устувор (SBFN) доир гардид. Дар ин ҷаласа муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Дар ҷаласаи мазкур роҳбарияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ, мудирони бонкҳои марказӣ ва танзимгарони молиявии минтақаи Аврупо, Осиё ва давлатҳои аъзои SBFN, роҳбарони агентиҳои танзимкунанда ва ассотсиатсияҳои саноатӣ дар бозорҳои рушдёбанда ва намояндагони шабакаҳои пешрафтаи байналмилалӣ ва ташкилотҳои муқарраркунандаи стандартҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа аъзои SBFN бо афзалиятҳои стратегӣ ва натиҷаҳои гурӯҳи кории SBFN, таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳониву ташаббусҳои онҳо дар пешбурди маблағгузории устувор дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ шинос гардида, вобаста ба тамоюлҳои асосӣ, имкониятҳо ва мушкилот дар соҳаи молияи устувор дар бозорҳои рушдёбанда муколама ва мубоҳисаҳои панелӣ анҷом доданд.
Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода дар доираи сафари худ бо ҳамоҳангсози ҷаҳонии шабакаҳои SBFN, ESG, IFC, Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ – Ронг Чжан ва роҳбари шуъбаи маблағгузории устувор, таҳаввулоти иқтисодии устувор ва лоиҳаи глобалии маблағгузории устувори Агентии Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) – Макайо Витте мулоқот намуд.
Таъкид шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун танзимгари низоми бонкӣ ва суғурта Нақшаи чорабиниҳоро доир ба татбиқи Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуд, ки ҳадафи он таъмини рушди иқтисодӣ аз ҳисоби истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, инчунин таъмини баробарии экологӣ дар давраи дарозмуҳлат мебошад.
Намояндаи Тоҷикистон иброз дошт, ки шарикони рушд, аз ҷумла IFC, Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва GIZ метавонанд дар роҳи пешрафти маблағгузории устувори низоми бонкии Тоҷикистон тавассути омӯхтани таҷрибаи хуби байналмилалӣ ва пешбурди ҳадафҳои муштарак, аз қабили баланд бардоштани иқтидори кормандони БМТ дар ҷамъоварии маълумоти сабз, таҳияи нақшаи гузариш ба ҷанбаҳои сабз, рушди бозори вомбаргҳои сабз, таҳияи санадҳои дахлдор вобаста ба идоракунии экологӣ, иҷтимоӣ, корпоративӣ (ESG) мусоидат намоянд.
Инчунин дар ҷорӣ намудани принсипҳои маблағгузории устувор ҷиҳати ҳалли мушкилоти камбизоатӣ, тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳои таъхирнопазир, таҳияи стандартҳо, дастурҳо, қоидаҳо ва роҳнамоҳо оид ба идоракунии хавфи экологиву иҷтимоӣ барои бонкҳо ва муассисаҳои молиявӣ, таҳияи роҳнамоҳо барои бонкҳо оид ба пешниҳод намудани қарзҳои имтиёзнок дар раванди амалисозии иқтисоди «сабз» дастгирӣ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки шабакаи SBFN соли 2012 бо мақсади суръат бахшидан ба маблағгузории устувор дар бозорҳои рушдёбанда ҳамчун воситаи тақвияти устуворӣ ва инкишоф таъсис ёфта, Бонки миллии Тоҷикистон бо назардошти манфиатҳо ва низоми бонкӣ 8 декабри соли 2023 ба ин шабака пайваст гардид.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд






