«НАЗМУ ТАРТИБ ҲАР КУҶОЕСТ ПОЙДОР». Таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 21.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз вазифаи ҳар шаҳрванди мамлакат, новобаста аз мақому мартабаи иҷтимоӣ ба роҳ мондани фаъолият дар чорчӯбаи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда аст. Аз ин рӯ, донистани Конститутсия ва эҳтирому риоияти бе чуну чарои қонунҳо қарзи шаҳрвандии ҳар фарди мамлакат аст. Ин матлабро ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода 20 сентябр зимни баргузории ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ таҳти унвони «Назму тартиб ҳар куҷоест пойдор» бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ баён намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ иттилоъ доданд.
Иброз гардид, ки маърифати баланди ҳуқуқӣ- ин риояи бошууронаи меъёрҳои қонун ва итоат ба қонун мебошад. Мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ низ эҳтиром гузошта мешавад.
Ҳамчунин иброз гардид, ки дар даврони ҷаҳонишавӣ омилҳои гуногун метавонанд ба шууру ҷаҳонбинии донишҷӯёну наврасон таъсир расонанд. Донишҷӯён бояд аз имконияти интернет танҳо барои ташаккули шахсият ва касбияти худ истифода намоянд.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст






