Ниммарафони байналмилалии «Ҳафткӯл-2024» баргузор шуд

Сентябрь 7, 2024 10:32

ДУШАНБЕ, 07.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  6 сентябр  дар мавзеи  Ҳафткӯл, воқеъ дар шимоли Тоҷикистон дар масофаҳои 3, 10 ва 21 км Ниммарафони байналмилалии «Ҳафткул-2024» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар маросими ифтитоҳи Ниммарафони байналмилалии варзишиву солимгардонӣ таъкид шуд, ки мусобиқа дӯстдорони варзиши экологиву сайёҳии «трейлраннинг» (пиёдагардӣ дар масири кӯҳистон)-ро аз чандин кишварҳои ҷаҳон дар мавзеи Ҳафткӯли шаҳри  Панҷакент ба ҳам овард.

Иброз гардид, ки ташкили чунин мусобиқаи сатҳи баланд дар устуворгардонии риштаи дӯстӣ байни иштирокчиён ва барқарории саломатӣ нақш гузошта, ҳар иштирокчии ин намуди варзиши экологиву сайёҳӣ қадам ба қадам аз он таассуроти бою рангин мебардорад ва руҳану ҷисман ба табиат наздик мешавад.

Бояд гуфт, ки «трейлраннинг» яке аз намудҳои варзиши босуръат рушдёбанда ба ҳисоб меравад, ки бештар варзишгаронро аз тамоми ҷаҳон ҷалб мекунад. Ин танҳо давидан нест, балки озмоиши ҳақиқии устуворӣ аст, ки ҳар қадам шуморо ба ҳамоҳангӣ бо табиат наздиктар мекунад.

Бо иштирок дар Ниммарафони байналмилалии «Ҳафткӯл-2024» иштирокчиён на танҳо қувва меозмоянд, балки дар ҳифзи муҳити зист саҳм гузошта, аз табиати нотакрор ҳаловат мебаранд.

Яке аз ҳадафҳои асосии Ниммарафони байналмилалии «Ҳафткӯл-2024» баланд бардоштани маърифати экологӣ, оммавӣ гардонидани давидан ва рушди соҳаи варзиш, рушди сайёҳии варзишӣ, муттаҳидсозии ҷавонон тавассути варзиш, омода намудани давандагон ва варзишгарон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 7, 2024 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд