ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНИИ АСТРОНОМИЯ-2024. Астрономҳои ҷавони тоҷик се медал ба даст оварданд

Сентябрь 22, 2024 17:40

ДУШАНБЕ, 22.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз се хонандаи Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе иборат буд, Олимпиадаи ҷаҳонии астрономия – 2024  (OWAO-2024) се медал, аз ҷумла ду нуқра ва як биринҷӣ ба даст овард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Медалҳои нуқраро Сайида Абдуҳамидова ва Ҳусанҷон Салимов, медали биринҷиро Ҳусейни Ғуломзода соҳиб шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки ин дастоварди соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон далели боризи сатҳи баланди омодагии хонандагони тоҷик ва майлу рағбати беинтиҳои онҳо ба тадқиқоти илмӣ мебошад, ки бо шарофати дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва рушди устувори соҳаи маориф ва илми мамлакат ба даст омад.

Ёдовар мешавем, ки Олимпиадаи ҷаҳонии астрономия – 2024  (OWAO-2024) аз 15 то 22 сентябр дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия баргузор гардида, дар он 102 хонандаи болаёқат аз 20 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд.

Сентябрь 22, 2024 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад