«ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2024». Даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз гардид

Сентябрь 20, 2024 10:26

ДУШАНБЕ, 20.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол-2024» оғоз гардид. Дар он омӯзгорони чор ноҳияи пойтахт байни ҳам донишу маҳорати касбӣ месанҷанд. Дар ин  хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар дод.

Дар даври шаҳрии озмун ғолибони даври ноҳиявӣ: омӯзгори фанни физикаи Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз ноҳияи Сино Меҳрангези Аслиддин, омӯзгори фанни забони русии Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз ноҳияи Фирдавсӣ Гулнора Сулейманова, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и ноҳияи Шоҳмансур Шукрона Атоева ва омӯзгори фанни математикаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ Некбахт Ҳасанов иштирок менамоянд.

Тибқи тартиб, қисмати амалии даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2024» аз Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе оғоз гардид. Сипас, ҳайати ҳакамони даври шаҳрии озмун ба Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе рафтанд.

Довталабон дарсҳои намунавӣ аз рӯи ихтисос, муаррифии таҷрибаи корӣ, таҳлили дарс (худбаҳодиҳӣ), маҷлиси падару модарон ва соати тарбиявӣ доир намуданд.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Сентябрь 20, 2024 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд