Пагоҳ дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши китоб доир мешавад

Сентябрь 3, 2024 11:30

ДУШАНБЕ, 03.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 4 сентябр  бахшида ба Рӯзи китоб дар назди бинои нашриёти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш-фурӯши китоб доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги мамлакат иттилоъ доданд.

Тавре сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Мирализода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, «дар ин намоиш-фурӯши китоб нашриёти тобеи Вазорати фарҳанги мамлакат ва дигар нашриёт китобҳои тозанашрашонро  пешниҳод менамоянд. Инчунин хонандагон ва харидорони китоб имкон доранд, ки дар  асарҳои  харидаашон соядасти адибонро низ гиранд. Ҳамзамон онҳо бо шоирону нависандагони маъруфи тоҷик аз наздик шинос  ва ҳамсуҳбат шуда метавонанд. Шефтагони китоб инчунин метавонанд доир ба   китобҳои тозанашр  маълумоти муфассал пайдо намоянд».

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, рушди анъанаи китобдориву китобхонӣ яке аз самтҳои умдаи сиёсати фарҳангии Пешвои миллат дониста мешавад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18 марти имсол дар мулоқот бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат иброз доштанд: «Мо як нуктаро ҳамеша бояд дар ёд дошта бошем, ки китобхонӣ роҳи асосии баланд бардоштани сатҳи маърифат аст ва олим бе китобхонӣ олим намешавад. Зеро бузургон гуфтаанд, ки ҳар гоҳ аз китобхонӣ бозмондӣ, аз фикр кардан ҳам мемонӣ».

Ёдовар мешавем,  ки 17 сол қабл, 4 сентябри соли 2007 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти муҳимият ва гиромидошти китоб, китобдорӣ ва китобхонӣ хишти аввали Китобхонаи миллии Тоҷикистон гузошта шуда, ин рӯз- 4 сентябр дар мамлакат Рӯзи китоб эълон гардид.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 3, 2024 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид