Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Лахш бинои нави Раёсати молияро ифтитоҳ намуданд

Сентябрь 12, 2024 10:42

ДУШАНБЕ, 12.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 12 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Лахш бинои нави хуштарҳу замонавии Раёсати молияро дар ноҳия ифтитоҳ намуданд.

Иншооти мазкур бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар доираи корҳои ободонӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар он ҳамаи шароити корӣ барои фаъолияти босамари кормандони соҳаи молияи ноҳияи Лахш муҳайё гардидааст.

Бинои нави шуъбаи молия аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, бо маблағи 3 миллиону 700 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.

Бинои нав аз 10 ҳуҷраи корӣ, китобхона, маҷлисгоҳ, ҳуҷраи техникӣ, бойгонӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, барои кормандон шароити хуби фаъолият фароҳам гардидааст.

Сохтмони бино соли 2021 оғоз гардида, бо сифати баланди меъморӣ ба анҷом расонида шуд. Ҳуҷраҳои он бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Иншооти нав дар масоҳати 0,07 садяк замин бунёд гардида, масоҳати зери сохтмон 255 метри мураббаъ мебошад.

Атрофи бино бо гулу бутта ва ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ зиннат дода шудааст. Намои берунаи бино мувофиқ ба талаботи замони муосир оро ёфта, қомат афрохтани он ба ҳусни маркази ноҳия зебоӣ зам кардааст. Ҳамчунин атрофи бино чароғон гардидааст.

Аснои шиносоӣ бо шароиту имконоти корӣ дар бинои нави Раёсати молияи ноҳияи Лахш Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, кормандонро барои татбиқи босамари низоми молиявӣ, мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, роҳандозии дақиқу дурусти ҳисоботи молиявӣ, омӯзиши густурдаи технологияи муосири низоми молиявӣ ва истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷети давлатӣ муваззаф намуданд.

Бинои нави Раёсати молия бо таҷҳизоти махсуси гармидиҳӣ таъмин карда шудааст.

Ҳайати кормандони ин ниҳоди муҳими давлатӣ аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти нав ба Ҳукумати кишвар, махсусан ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипосу миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки барои пешрафт, рушди иқтисодиёт ва ташаккули низоми молиявӣ саъю кушиши бештар ба харҷ медиҳанд.

Ифтитoҳи бинои нави Раёсати молия дар ноҳияи Лахш 12.09.2024

Сентябрь 12, 2024 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ 295 иншооти хурду бузург ба истифода дода шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон роҳҳои байни деҳаҳо мумфарш карда мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басманда хатти оби полезиро ифтитоҳ намуданд ва бо лоиҳаи заминҳои кишти картошкаи ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд