Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод бинои Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД-ро ифтитоҳ намуданд

Сентябрь 11, 2024 11:50

ДУШАНБЕ, 11.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нурободро мавриди истифода қарор доданд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои шуъбаи мазкур бо назардошти тамоми шароити корӣ ва маишӣ бунёд шудааст.

Имконоту шароити бунёдгардида, барои кормандони Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод, барои фаъолияти корӣ, зиндагӣ, машқу тамрин ва обутоби бадан, инчунин сайқал додани донишҳои худ хосу мусоид буда, намунаи возеҳи таваҷҷуҳу ғамхориҳои Пешвои миллат ба кормандони милитсия ва хосатан ба мардум аст. Зеро маҳаки асосии фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин зиндагии осуда ва аҳлонаи мардум дар фазои комили суботу оромӣ, зери фазои Истиқлоли давлатии меҳан аст.

Зимни ифтитоҳи бинои мазкур Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароҳамгардида шиносоӣ пайдо намуда, таъкид намуданд, ки фаъолияти босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷомеа ҳаётан муҳим буда, муваффақияти кормандони соҳаи мазкур ба кордонӣ, донишҳои мукаммали зарурӣ, аз ҷумла сиёсӣ, оперативӣ ва фарҳанги баланди муносибат бо мардум вобастагии амиқ дорад.

Ҳукумати кишвар дар солҳои Истиқлоли давлатӣ барои таъмини шароити фаъолияти хубу натиҷабахши кормандони милитсияи тоҷик корҳои зиёди босамарро анҷом додааст ва барои оромиву таъмини волоияти қонун ва осудагии шаҳрвандон сиёсати мазкур ҳамвора зери таваҷҷууҳи Президенти кишвар қарор дорад.

Бояд зикр кард, ки дар соли ҷорӣ ин аввалин иншооти соҳа нест. Ин ҳама таваҷҷуҳу дастгириҳои Пешвои миллат ба хотири фаъолияти босамари кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст, ки бо мақсади таъмини ҳуқуқи шаҳрвандону меҳмонон ва волояити қонун роҳандозӣ мешавад.

Ифтитоҳи бинои Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар ноҳияи Нуробод 11.09.2024

Сентябрь 11, 2024 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд