РӮЗИ ДОНОРӢ. «Тоҷикаэронавигатсия» дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии илмии хун чорабинӣ доир намуд
ДУШАНБЕ, 25.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» дар ҳамкорӣ бо «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи донорӣ баргузор намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Тоҷикаэронавигатсия».
Чорабинии Рӯзи донорӣ барои иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2020 гузаронида шуд.
Саломатии ҷомеа танҳо аз соҳаи муайян вобастагӣ надошта, он дар маҷмуъ ба фаъолияти дастҷамъонаи сохторҳои алоҳида ва сатҳи тафаккури шаҳрвандон низ алоқаманд аст. Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» низ ба хотири ҳифзи саломатӣ ин чорабинии муштаракро гузаронид.
Тибқи иттилои мутахассисон, шахси аз 18 то 65-сола метавонад донори хун шавад. Донори хун будан ё хун супоридан дар аксар мамлакатҳои ҷаҳон ба одат табдил ёфтааст. Сокинони мамлакат ва махсусан ҷавонон аз аҳамияту зарурати хунсупорӣ огоҳ буда, бо дарки масъулият ба хунсупорӣ меоянд.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба донории хун ва ҷузъҳои он» барои «Донори фахрӣ» шудан бояд занҳо 15 ва мардҳо 20 литр хун супоранд. Ин унвон имкон медиҳад, ки донорон аз баъзе имтиёзҳо, аз ҷумла ройгон истифода намудан аз нақлиёти ҷамъиятӣ, ташхиси тиббии ройгон, 50 дарсад имтиёз ҳангоми хариди доруворӣ ва истифода аз баъзе намуди хизматрасонии тиббӣ баҳравар шаванд.
АКС: КВД «Тоҷикаэронавигатсия»








АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 маротиба зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд






