Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Лахш хати оби нӯшокии иловагии шаҳраки Ваҳдатро ба истифода доданд

Сентябрь 12, 2024 10:58

ДУШАНБЕ, 12.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ваҳдати маркази ноҳияи Лахш хати оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд.

Оби нӯшокӣ худҷорӣ буда, тавассути қубури қутраш 160 миллиметра аз масофаи 18 километр ба ду обанбор, ки ғунҷоиши ҳар кадоми онҳо 250 метри мукаабро ташкил медиҳад, интиқол меёбад.

Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи хати оби нӯшокӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд татбиқ шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи марти соли 2023 оғоз гардида, барои саривақт ва дар муҳлати муайяншуда анҷом ёфтани он беш аз 40 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо техникаҳои соҳавӣ ҷалб шуда буд.

Бояд тазаккур дод, ки қаблан сокинони маркази ноҳияи Лахш аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд ва акнун дар партави сиёсати ободкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалӣ намудани лоиҳаи мазкур ин мушкилии мардум бартараф шуд.

Дар доираи амалишавии лоиҳаи таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ шафати кӯчаҳо, дохили биноҳои истиқоматӣ, иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ ва варзишу хизматрасонии ҳудуди ноҳияи Лахш бо оби нӯшокӣ таъмин гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулони соҳаро вазифадор карданд, ки пайваста дар беҳтар гардонидани сатҳи обрасонӣ ба аҳолӣ тадбирҳои бетаъхир андешанд ва дар ин радиф корҳои фаҳмондадиҳиро вобаста ба истифодаи босамари об дар байни сокинон низ анҷом диҳанд.

Татбиқи як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба таъмини оби нӯшокӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар шаҳодати ин аст, ки сол то сол масъалаи таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ҳалли худро меёбад.

Таъмини  сокинони маркази шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Лахш бо оби ошомидании аз ҷиҳати экологӣ тоза самараи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ гардидани дастуру супоришҳои роҳбарияти олии Ҳукумати кишвар мебошад.

Ба истифода додани хатти оби нӯшокии иловагии шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Лахш 12.09.2024

Сентябрь 12, 2024 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд