Сарвари давлат: «Сатҳи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои Тоҷикобод беҳбудии ҷиддиро тақозо менамояд»

Сентябрь 13, 2024 08:43

ДУШАНБЕ, 12.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 12 сентябр Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Тоҷикобод иброз доштанд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳаи маорифи ноҳия ҳамасола афзоиш ёфта, танҳо дар 20 соли охир 46 баробар зиёд гардид. Дар ин давра дар ноҳия 52 бинои нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ барои 7400 хонанда сохта, ба истифода дода шуданд. Навобаста ба ин Сарвари давлат аз сатҳи таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳо изҳори нигаронӣ намуда, баён доштанд, ки вазъият беҳбудии ҷиддиро тақозо менамояд.

Чанд рӯз пештар дар суханронии Президенти мамлакат  ба муносибати Рӯзи дониш илова ба дигар масъалаву мушкилоти соҳаи маориф ва роҳҳои ҳалли онҳо вазъи таъминоти мактабҳои мамлакат доир ба ин масъала махсус таҳлил гардида, ба роҳбарони соҳа ва шаҳру ноҳияҳо супоришҳои мушаххас дода шуданд. Дар робита ба ин Пешвои миллат роҳбарияти ноҳияро зарур донистанд, ки якҷо бо Вазорати маориф ва илм корҳоро дар самти бартараф намудани мушкилоти мавҷуда, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва зиёд намудани фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои рушди кӯдакон тақвият диҳанд.

Ҳамчунин роҳбарону масъулони ноҳия якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш гирифтанд, ки барои таъмини муассисаҳои тандурустии ноҳия бо кадрҳои баландихтисос ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Сарвари давлат баён доштанд, ки роҳбарону масъулон ва фаъолони ноҳия инчунин ба масъалаҳои риояи  қонунгузории замин, танзими анъана ва ҷашну маросим, тарбияи наврасону ҷавонон ва пешгирӣ кардани ҳамроҳшавии онҳо ба гурӯҳу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, инчунин таълими ғайриқонунии динӣ эътибори махсус диҳанд. Зеро тибқи маълумот ва ба таъкиди Пешвои миллат дар ин самт дар ноҳия камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доранд.

Ба иттилои Президенти мамлакат, дар дуюним соли охир барои ишғоли худсаронаи замин нисбат ба 6 сокини ноҳия парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин давра 7 ҷинояти коррупсионӣ ошкор ва парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд.

Сентябрь 13, 2024 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд