Сарвари давлат: «Сатҳи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои Тоҷикобод беҳбудии ҷиддиро тақозо менамояд»
ДУШАНБЕ, 12.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 12 сентябр Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Тоҷикобод иброз доштанд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳаи маорифи ноҳия ҳамасола афзоиш ёфта, танҳо дар 20 соли охир 46 баробар зиёд гардид. Дар ин давра дар ноҳия 52 бинои нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ барои 7400 хонанда сохта, ба истифода дода шуданд. Навобаста ба ин Сарвари давлат аз сатҳи таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳо изҳори нигаронӣ намуда, баён доштанд, ки вазъият беҳбудии ҷиддиро тақозо менамояд.
Чанд рӯз пештар дар суханронии Президенти мамлакат ба муносибати Рӯзи дониш илова ба дигар масъалаву мушкилоти соҳаи маориф ва роҳҳои ҳалли онҳо вазъи таъминоти мактабҳои мамлакат доир ба ин масъала махсус таҳлил гардида, ба роҳбарони соҳа ва шаҳру ноҳияҳо супоришҳои мушаххас дода шуданд. Дар робита ба ин Пешвои миллат роҳбарияти ноҳияро зарур донистанд, ки якҷо бо Вазорати маориф ва илм корҳоро дар самти бартараф намудани мушкилоти мавҷуда, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва зиёд намудани фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои рушди кӯдакон тақвият диҳанд.
Ҳамчунин роҳбарону масъулони ноҳия якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш гирифтанд, ки барои таъмини муассисаҳои тандурустии ноҳия бо кадрҳои баландихтисос ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Сарвари давлат баён доштанд, ки роҳбарону масъулон ва фаъолони ноҳия инчунин ба масъалаҳои риояи қонунгузории замин, танзими анъана ва ҷашну маросим, тарбияи наврасону ҷавонон ва пешгирӣ кардани ҳамроҳшавии онҳо ба гурӯҳу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, инчунин таълими ғайриқонунии динӣ эътибори махсус диҳанд. Зеро тибқи маълумот ва ба таъкиди Пешвои миллат дар ин самт дар ноҳия камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доранд.
Ба иттилои Президенти мамлакат, дар дуюним соли охир барои ишғоли худсаронаи замин нисбат ба 6 сокини ноҳия парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин давра 7 ҷинояти коррупсионӣ ошкор ва парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд.








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон муассисаҳои соҳаи маориф бунёд мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон беш аз 200 иншооти таъйиноти гуногун сохта мешавад
Дар шоҳроҳи Ёвон-Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз ёфт
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Калфи Сабади ноҳияи Ёвон майдони варзишии муосир сохта мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ таъмиру навсозӣ карда шуд
«Равобит бо олами Ғарб: нақши Пешвои миллат ва дипломатияи тоҷик». Таҳти чунин унвон китоби нав ба нашр расид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Ҳисорро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ «Бозори Турсунзода»-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба фаъолияти корхонаи маҳсулоти алюминии ҶДММ «Алюминийи аввалин» оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода 6 кӯдакистони хусусиро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаҳои Истиқлол»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро тариқи фосилавӣ ба истифода доданд






