Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар вилояти Хатлон ба як гурӯҳ кормандон мукофотҳои давлатӣ супорид

Сентябрь 2, 2024 14:46

ДУШАНБЕ, 02.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар вилояти Хатлон  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба як гурӯҳ кормандони гуногункасб мукофотҳои давлатиро, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни миллӣ — 33-солагии Истиқлоли давлатӣ сарфароз гардонида шуда буданд, супорид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, мукофот ва унвонҳои давлатӣ  ба 17 намояндаи гуногункасби вилоят тақдим гардид.

Ҳамчунин имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи якчанд иншооти ҷашнӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом медиҳад.

Нахуст дар ноҳияи Хуросон бо иштироки Сарвазири мамлакат 3 муассисаи нави таълимӣ ва як ошхонаи замонавӣ дар назди мактаби рақами 20 мавриди истифода қарор дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки Сарвазири мамлакат дар ноҳияи Панҷ ва Ҷайҳун низ муассисаҳои нави таълимиро ифтитоҳ мекунад.

Тафсилоти бештари хабар нашр мегардад.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Сентябрь 2, 2024 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд