Рушду пешрафти сиёсати дастрасии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 24.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Рушду пешрафт ва комёбиҳои сиёсати дастрасии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкорӣ дар доираи барномаҳои Алянс барои фарогирии молиявӣ (Alliance for Financial Inclusion- AFI) дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо директори иҷроияи Алянс барои фарогирии молиявӣ (AFI) доктор Алфред Ханиг дар Душанбе баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Ҷонибҳо ҳамзамон оид ба татбиқи амалии Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ дар мамлакат ва дигар самтҳои фарогирии молиявӣ, инчунин дастгирӣ ёфтани Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ бобати баргузории ҷаласаҳои гурӯҳҳои кории Алянс барои фарогирии молиявӣ — 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули назар намуданд.
Алянс барои фарогирии молиявӣ (Alliance for Financial Inclusion) ташкилоти пешрафтаи ҷаҳонӣ дар соҳаи таҳия ва татбиқи сиёсати фарогирии молиявӣ буда, 101 мақомоти давлатии зиёда аз 80 давлати дунё аъзои он мебошанд. Фаъолияти AFI ба пешбурди сиёсати фарогирии молиявӣ дар давлатҳои аъзо равона гардидааст. Бонки миллии Тоҷикистон аз соли 2011 узви комилҳуқуқи он буда, аз имконияти узвият дар ин ташкилот самаранок истифода мебарад.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон










ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд






