СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар Тоҷикистон ба маблағи 30,8 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст
ДУШАНБЕ, 21.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳашт моҳи соли равон дар Тоҷикистон ба андозаи 30,8 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 13,2 фоиз зиёд аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Омили асосии рушди суръати соҳаи саноат асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноати истихроҷ – 23,7 фоиз, саноати коркард – 6,7 фоиз, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво – 1,2 фоиз, таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва маҳсулоти дуюмдараҷа – 1,7 баробар ба амал омадааст.
Саноат яке аз соҳаҳои калидии иқтисоди мамлакат ва тавлидкунандаи асосии неъматҳои моддӣ ба ҳисоб меравад. Рушди он ба пешрафти бахшҳои дигари иқтисодиёт заминаи мусоид гузошта, нуфузу мавқеи давлатро дар арсаи байналмилалӣ устувор менамояд.
Бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойи кор ҳанӯз 26 декабри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ саноатикунонии босуръати мамлакатро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуда буданд.
Бояд гуфт, ки дар ҳама паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъалаи саноатикунонии босуръати мамлакат ва таъсиси ҷойи нави кор дар меҳвари таваҷҷуҳи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Бо мақсади таъмин намудани рушди устувор ва рушди босуръати саноат дар мамлакат Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2025 таҳия гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки вобаста ба татбиқи Солҳои рушди саноат (2022-2026) ҳоло дар мамлакат садҳо корхонаҳои саноатӣ бунёд ва навсозӣ гардида, ҷойҳои нави кор фароҳам оварда шудаанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд






