Рӯзи Истиқлоли давлатӣ ва 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистон дар шаҳри Риёз таҷлил карда шуд
ДУШАНБЕ, 26.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябри соли 2024 дар шаҳри Риёз бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба ифтихори 33-солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ хабар доданд.
Дар чорабинии мазкур намояндагони воломақоми Ҳукумати Подшоҳии Арабистони Саудӣ, аъзои корпуси дипломатии муқими Риёз, намояндагони доираҳои расмию корӣ ва васоити ахбори омма, инчунин ҳамватанони тоҷикистонии муқими Арабистони Саудӣ иштирок намуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ таъкид намуд, ки имрӯз Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ҳифзи истиқлол ва соҳибихтиёрӣ, таҳкими асосҳои давлати демкоративу ҳуқуқбунёд ва татбиқи стратегияҳо ва ҳадафҳои авлавиятноки худ қадамҳои устувор мениҳад.
Дар идомаи суханронӣ бо ишора ба нақши афзояндаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар бораи ташаббусҳои байналмилалии кишвар дар самтҳои мудирияти захираҳои обӣ, мубориза бо терроризм, таъмини суботу амнияти байналмилалӣ ва ҳамгироии минтақавӣ маълумот пешниҳод карда шуд.
Зимни ҳамоиш барномаи консертӣ бо иштироки овозхонон ва навозандагони тоҷик пешкаши меҳмонон гардонида шуд.
Инчунин, дар ҳошияи чорабинӣ ҷиҳати муаррифии зарфияти сайёҳии Тоҷикистон намоишгоҳи аксҳо, китобҳо ва варақаҳои иттилоотӣ ташкил карда шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ














Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд






