СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати муҳим арзишҳои асосии ҷомеа ва давлатро дар бар мегирад

Сентябрь 11, 2024 18:30

ДУШАНБЕ, 11.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба  Соли маърифати ҳуқуқӣ ва 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ, Маркази идоракунии мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар Вилояти Мухтори Қӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Кӯлоб машғулияти омӯзишӣ гузаронида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Чунин корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, малакаи касбӣ ва омодагии ҳайати шахсӣ дар ҳолатҳои фавқулода гузаронида шуданд.

Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати дарбаргирандаи арзишҳои калидии ҷомеаву давлат ва марому мақсади аҳли ҷомеа симои таърихӣ ва муосири Тоҷикистонро дар худ инъикос менамояд. Дар Конститутсия марому мақсади халқи Тоҷикистон, ки аз бунёди ҷомеаи адолатпарвар иборат мебошад, дар асоси чунин арзишҳои милливу умумибашарӣ, аз ҷумла қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон будан, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморидан, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф кардан, дарки масъулият дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда муайян карда шудааст.

Ин санади тақдирсози замони соҳибистиқлолӣ, ҳамчунин бо иродаи халқ асосҳои бунёдии давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона будани Тоҷикистонро эълон намуда, тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат додааст.

Барои иштирокдорон дар мавзуъҳои «Таърихи пайдоиши Конститутсия», «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарғибу ташвиқи васеи меъёрҳои он», «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дар таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва «Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ» машғулияти омӯзишӣ гузаронида шуд.

Ёдовар мешавем, ки корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар ин самт дар вилоятҳои Хатлон, Суғд, минтақаи Рашт ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ идома доранд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 11, 2024 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе маъракаи хунсупории шаҳрвандон доир гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Ташкилоти ғайридавлатии «Good Neighbors» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Чин дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон беморони диабети қанд метавонанд инсулини ройгон дастрас намоянд
Иштирокдорони Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ дараи Алмосӣ ва Қалъаи Ҳисорро тамошо карданд
Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ зери унвони «Ҳизбҳои сиёсӣ ва уфуқҳои нави ҳамкорӣ» доир гардид
АБУАЛӢ ИБНИ СИНО — МУТАФАККИРИ БУЗУРГИ ШАРҚ, ФАРЗАНДИ ФАРЗОНАИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
Оқибатҳои офатҳои табиӣ дар мавзеъҳои хатарноки роҳҳои минтақаи Рашт бартараф карда шуданд
Табибони тоҷик дар Туркия малакаи касбиии худро такмил медиҳанд
Байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби «Белая Рус» Меморандум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
БОЗТОБИ ТАЪСИСИ ҶОИЗАИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. Расонаҳои мисрӣ дар ин хусус гузоришу мақолаҳо ба нашр расониданд
Соли 2030 дар ҳудуди Тоҷикистон баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад