СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати муҳим арзишҳои асосии ҷомеа ва давлатро дар бар мегирад
ДУШАНБЕ, 11.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ, Маркази идоракунии мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар Вилояти Мухтори Қӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Кӯлоб машғулияти омӯзишӣ гузаронида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Чунин корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, малакаи касбӣ ва омодагии ҳайати шахсӣ дар ҳолатҳои фавқулода гузаронида шуданд.
Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати дарбаргирандаи арзишҳои калидии ҷомеаву давлат ва марому мақсади аҳли ҷомеа симои таърихӣ ва муосири Тоҷикистонро дар худ инъикос менамояд. Дар Конститутсия марому мақсади халқи Тоҷикистон, ки аз бунёди ҷомеаи адолатпарвар иборат мебошад, дар асоси чунин арзишҳои милливу умумибашарӣ, аз ҷумла қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон будан, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморидан, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф кардан, дарки масъулият дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда муайян карда шудааст.
Ин санади тақдирсози замони соҳибистиқлолӣ, ҳамчунин бо иродаи халқ асосҳои бунёдии давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона будани Тоҷикистонро эълон намуда, тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат додааст.
Барои иштирокдорон дар мавзуъҳои «Таърихи пайдоиши Конститутсия», «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарғибу ташвиқи васеи меъёрҳои он», «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дар таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва «Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ» машғулияти омӯзишӣ гузаронида шуд.
Ёдовар мешавем, ки корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар ин самт дар вилоятҳои Хатлон, Суғд, минтақаи Рашт ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ идома доранд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид






