ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 сентябр, сешанбе, 261-умин рӯзи соли 2024 аст

Сентябрь 17, 2024 08:00

17 сентябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе конференсияи  байналмилалии «Молия барои рушди авиатсия» баргузор гардид.

***

17 сентябри соли 2010 Ҳафтаи Олмон дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳрири нав ба имзо расониданд.

***

11 cол пеш, 17 сентябри соли 2013 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кӯдакистони президентӣ барои кӯдакони болаёқат ба истифода дода шуд.

***

17 сентябри соли 2013 дар Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ба итмом расидани марҳилаи аввали амалишавии лоиҳаи «Шаҳри бехатар» нишасти матбуотӣ доир шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати мамлакат Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 20-солагии таъсиси Суди  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мавзуи «Адолати суди конститутсионӣ- кафолати таъмини волоияти Конститутсия» баргузор гардид.

***

17 сентябри соли 2016 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ  мавсими 76-уми театрӣ ифтитоҳ ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 2022 барои таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16 – уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Шаҳристон ифтитоҳ гардид.

 ***

17 сентябри соли 2017 зимни ҷаласаи 45-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор шуд, ёдгории фарҳангии умумиҷаҳонии фаромилии роҳҳои Абрешим: «Зарафшон-Қароқум» (ёдгориҳои Панҷакенти қадим, шаҳраки Санҷаршоҳ, қалъаи Ҳисорак, Гардани Ҳисор, Қалъаи Муғ, Қалъаи Қум, Тали Хамтӯда, низоми обёрикунии Тоқсанкорез, Оромгоҳи Хоҷа Муҳаммад Башоро) ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардиданд.

17 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ МЕШАВАД:

 Дар Ангола – Рӯзи қаҳрамонон.

***

Дар ИМА – Рӯзи Конститутсия.

Сентябрь 17, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 декабр, душанбе, 365-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 декабр, якшанбе, 364-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 декабр, шанбе, 363-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст