ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 сентябр, ҷумъа, 264-умин рӯзи соли 2024 аст
20 сентябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси умумии сатҳи олии Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба масъалаҳои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола суханронӣ намуданд.
***
11 сол пеш, 20 сентябри соли 2013 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Сочии Федератсияи Русия сафар намуданд.
***
20 сентябри соли 2016 узви собиқи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс Сергей Харитонов ба рӯйхати навшудаи беҳтарин муборизони ҷаҳон ворид шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маҷаллаи стратегии «Тоҷикистон: 25 соли Истиқлолияти давлатӣ» — ро нашр намуд.
***
20 сентябри соли 2017 дар шаҳри Ню-Йорк Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва яке аз аввалинҳо шуда, суханронӣ намуданд.
***
20 сентябри соли 2018 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ»-ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуданд.
***
5 сол пеш, 20 сентябри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди «Шаҳраки Сомониён» дар ноҳияи Файзобод санги асос гузоштанд.
***
20 сентябри соли 2022 дар ҳошияи «Ҳафтаи сатҳи баланд»-и иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Раиси иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии СММ Чаба Корошӣ доир гардид. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои умдаи ҷаҳони муосир, иқдоми муштарак, инчунин татбиқи муассири Рӯзномаи 2030 ва Ҳадафҳои Устувори он мубодилаи афкор намуданд.
***
20 сентябри соли 2023 дар иҷлосияи 45-уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дар Арабистони Саудӣ «Ҷангали туғайи мамнуъгоҳи Бешаи палангон», воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.
20 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии варзиши донишҷӯён.
***
Дар Беларус – Рӯзи гумрукчиён.