ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 сентябр, шанбе, 265-умин рӯзи соли 2024 аст

Сентябрь 21, 2024 08:00

Дар ин рӯзи соли  1920  аввалин шумораи рӯзномаи чехӣ — «Қонуни конститутсионӣ» нашр шудааст.

***

Дар ин рӯзи соли 1977 дар Фаронса Иттифоқи сотсиалистон ва коммунистон пароканда шуд.

***

23 сол пеш, 21 сентябри соли 2001 маросими баистифодадиҳии қитъаи роҳи мошингарди «Кӯлоб-Хоруғ-Мурғоб-Кулма»  баргузор гардид.

***

Соли 2008 дар марҳилаи финалии Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дастаи футболи Тоҷикистон- «Регар-ТадАЗ» ғалаба ба даст овард.

***

21 сентябри соли 2010 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими муаррифии «Ҳадафҳои Ҳазорсола: дастовардҳои Тоҷикистон» суханронӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Ню-Йорк Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуданд.

***

21 сентябри соли 2017 дар ИМА Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи чоруми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

21 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи видеоконференсия дар вохӯрии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба 75-солагии таъсис ёфтани Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2022 дар ҳошияи «Ҳафтаи сатҳи баланд»-и иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Президенти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) Петер Маурер баргузор гардид. Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, тарҳҳои дар мамлакати мо амалишаванда, мавзуъҳои амнияту суботи минтақа, вазъи кунунӣ дар Афғонистон ва зарурати расонидани кумаки башардӯстона ба ин кишвар баррасӣ шуданд.

***

21 сентябр соли 2023 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов маросими ҷамъбаст ва мукофотсупории Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине нест беҳтар аз китоб» ва маҳфили эҷодии шеъру суруди «Рӯдакихонӣ» баргузор шуд.

21 СЕНТЯБР:

Рӯзи байналмилалии сулҳ.

***

Дар Аргентина – Рӯзи донишҷӯён.

***

Дар Арманистон — Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Бразилия – Рӯзи дарахтшинонӣ.

Сентябрь 21, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст