ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 сентябр, душанбе, 267-умин рӯзи соли 2024 аст
15 сол пеш, 23 сентябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон муколама баргузор гардид.
***
23 сентябри соли 2010 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаи умумии Иҷлосияи 65-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуданд.
***
23 сентябри соли 2015 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ» таъсис дода шуд.
***
23 сентябри соли 2016 дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе маросими рӯнамоии Стратегияи ҳамкории Бонки Рушди Осиё ва Тоҷикистон доир шуд.
***
23 сентябри соли 2022 дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо директори Маркази минтақавии рушди иқтидори Хазинаи Байналмилалии Асъор барои давлатҳои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон Норберт Функе баргузор гардид, ки дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкорӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуд.
***
23 сентябри соли 2023 дар заминаи амалишавии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бо дастгирӣ ва иқдоми роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар факултети биологияи донишгоҳ Озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба омӯзиши механизмҳои мутобиқшавии системаҳои зинда кушода шуд.
23 СЕНТЯБР:
Рӯзи байналмилалии забони имову ишора
***
Дар Қирғизистон – Рӯзи забони давлатӣ.