ТАРАННУМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши идона доир шуд
ДУШАНБЕ, 05.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ хабар доданд.
Зимни ҳамоиш Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода коллективи меҳнатии донишгоҳро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷашни фархундаи Истиқлолияти давлатӣ табрик намуд. Сипас дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба кормандони донишгоҳ мукофотҳои давлатӣ супорид.
Ректори донишгоҳ Убайдулло Асрорзода иброз намуд, ки Истиқлол барои мо на танҳо рӯйдоди таърихӣ, балки падидаи муқаддас аст, ки ба ҳар яки мо озодӣ ва ваҳдати миллӣ ато кардааст. «Дар заминаи Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар ин давра мо шоҳиди таҳаввулоти бузурги иқтисодӣ, такмили сохтори давлатдорӣ, болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ ва тақвияти нақши байналмилалии мамлакат гардидем. Ҳамаи ин дастовардҳо самараи меҳнати шабонарӯзӣ ва сиёсати оқилонаи Роҳбарияти олии мамлакат мебошанд»,-изҳор дошт ӯ.
Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.
Дар фазои тантанавӣ як зумра омӯзгорону кормандон бо Ифтихорнома ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон










Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои роҳ ва пулҳои мошингард дар минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 17 иншоотро дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд






