«ТАРАННУМИ ВАТАН». 60 нафар иштирокчии фаъоли озмун қадрдонӣ гардиданд

Сентябрь 24, 2024 19:00

ДУШАНБЕ, 24.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупории даври 2-юми Озмуни ҷумҳуриявии «Тараннуми Ватан» баргузор гардид, ки  дар он 60 нафар иштирокчиëни фаъоли озмун бо мукофоту ҷоизаҳои кумита қадрдонӣ шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Аз ҷумла, дар номинатсияи «Қироати шеър» Рӯъё Усмонӣ соҳиби ҷойи якум, Маҳбуб Нурзода ва Шоираи Дилшод – ҷойи дуюм, инчунин Абдурашид Хуҷамқулов, Суҳробшоҳ Давлатзода ва Ғунчагул Нурализода соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.
Дар номинатсияи «Хондани суруд» Шоҳини Шаҳзод сазовори ҷойи якум, Олими Ҷумъахон – ҷойи дуюм ва Нозанин Мирзоева соҳиби ҷойи сеюм шуданд.

Озмун бо мақсади боло бурдани ҳисси худшиносии ҷавонон, тарғиб ва тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ дар замири ҳар фарди мамлакат, ифтихор аз истиқлоли давлатӣ ва кашфи истеъдодҳои ҷавон бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатӣ баргузор гардид.

Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тараннуми Ватан» аз рӯи ду номинатсия — қироати шеър ва хондани суруд эълон гардид, ки таваҷҷуҳи бештари шаҳрвандонро ба ин озмуни адабӣ ҷалб намуд.

Иштирокчиёни озмун дар дилхоҳ гӯшаи табиати Ватан бо телефони ҳамроҳ (ё дигар дастгоҳҳои наворбардорӣ) шеър, тарона ё сурудеро дар васфи Ватан замзама намуда, онро ба унвони рӯзнома ирсол намуданд.

Маводи ирсолнамудаи иштирокчиён танзим гардида, дар гурӯҳҳои фейсбукӣ ва ютюбии рӯзнома ҷой дода шуд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 24, 2024 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд