ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Онҳо барои ҳаёти сокинони сайёра муҳиму саривақтӣ мебошанд

Сентябрь 21, 2024 09:17

ДУШАНБЕ, 21.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мо, инсонҳо падидаи табиат ва узви ҷудонашавандаи он ҳастем. Аз ин рӯ, ҳар қадар бештар табиатро бишиносем, ҳар қадар бештар дар бораи он маълумот дошта бошем, ҳар қадар ба қадри он бирасем- ин ҳамон андоза зиёдтар ба манфиати мо аст. Ҳамин табиат аст, ки оғӯши биҳиштосои худро ба рӯи инсон боз намудаву ҳама боигарӣ ва файзу фари худро пешкаши мо гардонидааст. Аммо муносибати инсону табиат ҳамон вақт ба манфиати ҳарду ҷониб аст, ки дар асоси муҳаббату садоқати тарафайн пойдор бошад. Мутаассифона, ин муносибат солҳои охир мувоҷеҳи мушкилоти зиёди глобалӣ гардидааст, ки бе ҳалли солими онҳо зиндагии ояндаи инсон бехавфу хатар ва дар амну осудагӣ нахоҳад буд. Чунин изҳори андеша намудааст Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло.

Дар зер андешаҳои пурраи муаллиф манзур мешаванд.

Тағйироти бузурге, ки дар сайёраи Замин  ва табиати он рух медиҳанд, инсоният ва ақлҳои солимро ҳарчи бештар ба ташвиш ва таҳлука  меоваранд. Дар қатори ин мушкилоти глобалӣ метавон аз тағйироти иқлим, обшавии пиряхҳо, таҳдиди хушксолӣ ва ғайраҳо сухан кард. Аммо андешаҳои амиқ бар он меоранд, ки дар рух задани бисёре аз фоҷиаҳои табиат, хусусан фоҷиаҳои экологӣ саҳми инсон низ кам нест. Афзудани партовҳо, истихроҷи беҳудуди газҳои сунъӣ, муносибати муғризонаву беақлона бо табиат, аз ҷумла, маҳви ҷангалзор, истифода ва масрафи беохири захира ва сарватҳои зеризаминӣ аз ин ҷумла мебошанд.

Аммо одамон танҳо дар он ҳолат метавонанд то ҷойе саҳми боризи худро дар ҳифзи табиат бигузоранд, ки ҳамин масъулият — муносибати неки худро бо табиат дарк ва иҷро намоянд.

Мояи сарфарозӣ ва ифтихори мо аст, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дурахшонтарин чеҳраҳои сиёсатмадорони ҷаҳонӣ маҳсуб мешаванд, ки  барои ҳалли мушкилоти глобалии сайёраи Замин, аз ҷумла тағйирёбии иқлим ва таҳдидҳое, ки вобаста ба он ба сари инсоният меоянд, садо баланд намуда, маротибаҳои зиёде ҷомеаи ҷаҳониро аз натиҷаҳои фоҷиабори он ҳушдор додаанд. Фаъолияти Президенти Тоҷикистон дар ин ҷода хастагинопазир буда, аллакай вокунишҳоеро аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва давлатҳову мамлакатҳои олам ба амал оварда, дар роҳи ҷустуҷӯи чораҳои фаврӣ саҳми бориз гузоштаанд.

Аз ҳамин рӯ, мо тасмим гирифтем оид ба яке аз мавзуъҳои муассиру ҷиддӣ ва аввалиндараҷаи имрӯзи олам ва сайёраи Замин: ҳифзи муҳити зист, пешгирии фоҷиабори тағйироти иқлим ва нақши инсонҳо дар он мавод ба нашр расонем, ки хеле муҳим ҳастанд. Ҳар як инсон, ҳар сокини сайёра бояд ин маълумотҳоро фаро гирад, зеро бе кӯшиш ва муборизаи ҳамаи инсонҳо ва ҳамаи давлатҳо  пеши роҳи фоҷиаҳоеро, ки дар оянда ба Замин ва инсоният таҳдид мекунанд, гирифтан душвор аст.

Маҳз ҳамин мушкилоти глобалие, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар атрофи он борҳо бонги хатар задаву таваҷҷуҳи оламиёнро ба он равона кардаанд, яъне, гармои  бузурге, ки ба Замин таҳдид мекунад ва тағйирёбии хатарноки иқлим- имрӯз яке аз масъалаҳои аввалиндараҷаи ҳалталаб барои инсоният гардидаанд. Аммо барои мубориза бо ин зуҳуроти хатарнок барои инсоният, пешгирии он ва ҷустани чораҳо аввалан ҳар инсони  рӯи Замин бояд дарк кунад ва донад, ки мафҳуми гармои  хатарангез чист ва тағйирёбии иқлим чӣ сарчашмаҳо ва оқибатҳо дорад.

Гармшавии глобалии сайёра

Гармшавии саросарии сайёра зуҳуроти  табиии боло рафтани сатҳи гармӣ дар Замин аст, аммо дар якуним асри охир  суръати ин гармшавӣ  аз ҳисоби пешрафти техникӣ ва сӯзиши ҳамаҷонибаи  сӯзишворӣ афзоиш ёфта, консентратсияи газҳои буғиву бухорӣ  пайваста боло меравад.

Афзоиши гармӣ ба тағйирёбии иқлим дар тамоми сайёра ва баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ мебарад. Олимони Аврупо  муайян кардаанд, ки ҳарорати ҷаҳонии гармӣ  дар муқоиса то замони саноатишавӣ ҳоло 2 дараҷа боло рафтааст. Обуҳавошиносон мегӯянд, ки  соли 2024  дар тамоми даврони мушоҳидаҳо аз ҳама гармтарин дар ҷаҳон буд. Дар асоси маърузаи охирини Созмони Милали Муттаҳид агар чунин тамоюли гармшавӣ тағйир наёбад,  он гоҳ ҳарорат  аллакай дар ҳамин садсола метавонад то ба 2,5  — 2,9 дараҷа бирасад.

Сабабҳои гармшавии бемаҳдуд ва тағйирёбии иқлим дар чист?

Олимон сабабҳои гармшавии бемаҳдуд ва тағйирёбии иқлимро дар сайёра  мансуб ба истихроҷи газҳои бухорӣ медонанд. Аксари онҳоро метавон дар табиат вохӯрд,  аммо таъсири инсон ба муҳит  афзоиши онҳоро бештар мегардонад. Ба гармшавии муҳити сайёра партовҳои метан, газҳои ангидриди карбон, оксиди азот ва дигар газҳо сабаб мешаванд. Саҳми бештарро  дар гармшавии Замин гази ангидриди карбон мегузорад, ки тамаркуз ва ғуншавии он дар ҳаво соли 2020  қариб якуним баробар нисбат ба даврони то саноатишавӣ афзудааст. Сабаби ин аз ҷониби одам сӯхтани канданиҳои сӯзишворӣ, буриши ҷангалҳо, истифодаи газҳои фторикунонида ва нуриҳои азотдор буда, он дар тараққиёти соҳаи чорводорӣ низ таъсир мегузорад, зеро ҷонварон вақте хӯрокашонро ҳазм мекунанд, теъдоди зиёди метан истихроҷ менамоянд.   Ба андешаи  олимон,  сабабҳои табиии гармшавии иқлим  низ вуҷуд доранд, инҳо афзоиши таъсири Офтоб ва фаъолшавии вулқонҳо мебошанд. Аммо аз охири асри 19 то соли 2010 ин амал ба гармшавии  камтар аз 0,1 С  оварда буд.

Роҳҳои ҳалли ин мушкилот кадомҳоянд?

Барои кӯшиши  нигоҳдории сатҳи гармшавии хеле баланд бисёр мамлакатҳо пеши худ вазифа гузоштаанд, ки теъдоди партови газҳои карбонро кам кунанд. Бо ин мақсад созишномаҳо  ба имзо расида ва  барномаҳои давлатӣ қабул мегарданд. Соли 2022 дар дунё  57,4 миллиард  тонна газҳои сӯзишворӣ истихроҷ шудаанд.  Уҳдадории ҷории  мамлакатҳо ихтисори ин  рақамро то ба 55   миллиард тонна дар назар дорад. Барои он ки гармшавии ҳарорат дар ҳудуди 1,5 дараҷа бимонад, бояд партовҳо то ҳадди 33 миллиард тонна то соли 2030  паст фуроварда шаванд. Барои ба ҷониби ин рақам пеш рафтан бояд тағйироти бунёдӣ дар тарзи зисти ҷомеа ба вуҷуд оварда шавад, аз ҷумла: бояд  истифодаи канданиҳои энергетикӣ кам карда шуда, инсон ба манбаъҳои тозаи сарчашмаҳои энергетикӣ гузарад, бояд буриш ва маҳви ҷангалҳо низ маҳдуд карда шуда, инсон ба истифодаи услубҳои экологии парвариши  маҳсулоти кишоварзӣ  гузарад. Олимон  иброз медоранд, ки  имрӯз  агар аз имконияти  мавҷудаи дигар истифода бурда шавад,  метавон партови  газҳои карбониро то 70 фоиз кам кард.

Харобшавии қабатҳои озонӣ

Қабатҳои озонӣ барои чӣ заруранд ва сӯрохиҳои озонӣ чӣ маъно доранд?

Қабати озониро метавон «пардаи муҳофизи Замин аз Офтоб» номид. Ҳимояи тамоми мавҷудоди зинда дар Замин аз теъдоди афзуни шуоъдиҳии нурҳои ултрабунафш вобастагӣ дорад. Тамаркуз ё ғуншавии  озонҳо дар ҳаво дар маҷмуъ  муътадил буд, аммо солҳои 1970-1980-и асри гузашта олимон нишонаҳои  таҳдидро мушоҳида карданд ва дар болои Антарктида сӯрохии озониро  диданд, ки дар он қабатҳои озонӣ  хеле коста шуда буданд. Он вақт  ин ҳолатро  ба  таъсири  газҳо (хлорфторуглерод), ки  аз ҷумла,  барои сардкунии яхдонҳо  истифода мешуданд, вобаста  донистанд. Аммо пажуҳишҳо идома  ёфтанд ва мутахассисон сабабҳои дигари вайроншавии молекулаҳои озонро ёфтанд.

Ҳоло муайян шудааст, ки дар маҷмуъ танҳо ба 1-2 фоизи ҳолати қабатҳо таъсири табиӣ сабабгор аст, дар ҳолатҳои боқимонда  сабаби косташавии қабатҳои озонӣ худи инсонҳо мебошанд. Олимони Зеландияи Нав  чанде пеш хабар доданд, ки аз соли 2020 дар болои Антарктида боз сӯрохиҳои бузурги озонӣ пайдо шудаанд. Аз рӯи маълумоти онҳо,  қабати асосии  озони Антарктида  аз соли 2004  26 фоиз  кам шудааст  ва ҳанӯз  пешгӯиҳо  тасаллобахш нестанд.

Сабабҳо

Вайроншавии қабатҳои озон сабабҳои табиӣ ва ғайритабиӣ (анторопогенӣ) доранд. Ба якумӣ, масалан, хурӯҷи вулқонҳо, доғҳои Офтоб ва бодҳои стратосферӣ дохил мешаванд.  Дуюмӣ  ба вайроншавии 1-2 фоизи қабати озон меорад. Аммо  дар байни сабабҳои ғайритабиӣ, яъне, техногенӣ истифодаи зуҳуротеро ном мебаранд, ки аз худ хлор ҷудо мекунанд, ки молекулаҳои озонро  маҳв месозад. Масалан, ин хлорфторуглеродҳое, ки дар таркиби маҳлулкунандаҳо – обкунандаву ҳалкунандаҳо, аэрозолҳои пошдиҳандаву майдакунанда, маводе, ки барои сардкунии яхдону кондитсионерҳо истифода мешаванд, корбурд доранд. Озмоишгарон тахмин мекунанд, ки ба ҳолати  қабатҳои озонӣ  метавонанд баъзе пайвандҳои азотӣ ва ҳамчунин парвози бенизоми ракетаҳо низ таъсир гузоранд.

Ҳукуматҳои мамлакатҳо барои ҳалли масъалаи  вайроншавии  қабатҳои озон кӯшиш доранд. Дар мавриди ҳамкории байналмилалӣ дар ин соҳа соли 1985 созишномаи Вена ба имзо расид. Натиҷаи кор  имзои протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабатҳои озон соли 1987 гардид. Ин ҳуҷатҳо  давра ба давра дасткашии мамлакатҳоро аз истеҳсол  ва истифодаи моддаҳои халалдоркунандаи озон, масалан  хлорфторуглеродҳо ба нақша гирифтааст. Баъзе аз онҳо, масалан Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аллакай  истифодаи чунин моддаҳоро қатъ кардаанд. Новобаста ба ҳудуду вусъати ин амалҳо ҳар нафар метавонад дар ҳалли он саҳм гузорад. Масалан, даст кашидан аз истифодаи воситаҳо -техникаҳое, ки моддаҳои вайронкунандаи озонро доранд. Метавон то ҳадди ақал аз истифодаи воситаҳои нақлиёти бо бензин    ҳаракаткунанда ва муҳаррикҳои дизелдор худдорӣ кард. Ва аз маводи тозакунандае, ки маводи кимиёвии истеҳсолкунандаи хлор ва бром  доранд, худдорӣ намуд.

Боронҳои кислотаӣ чӣ таъсир мерасонанд?

Боронҳои кислотаӣ – инҳо таҳнишини (бориши) ҳавои аз кислотаҳо заҳролудшудае мебошанд, ки дар он сатҳи  омехтагии азоту  кислотаи сулфат баланд аст. Таҳнишинҳои аз ҳад турш  дар минтақаҳое мушоҳида мешаванд, ки корхонаҳои зиёди саноатӣ, мошинҳо ва зичии аҳолӣ вуҷуд дорад. Боронҳои кислотаӣ таъсири марговар ба заминҳо, дарахтон, олами вуҳуш ва обанборҳо дошта,  вайроншавии биноҳо ва муҷассамаҳоро метезонанд.

Сабаби резиши бориши кислотаӣ дар чист?  

Сабаби резиши боронҳои кислотаӣ ҳамчунин метавонад табиӣ бошад, масалан, хурӯҷи вулқонҳо ва ё фасодшавии рустаниҳо. Сабаби ғайритабиии он фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, нақлиёт, аз ҷумла сӯзонидани барзиёди сӯзишвориҳо мебошад. Дар ин ҷараёнҳо оксидҳои сулфур (олтингӯгирд) ва азот ҳосил мешаванд. Аз ҳамин газҳо  метавонанд кислотаҳои олтингӯгирд ва азот  ба вуҷуд оянд. Ҳангоми афтодан ба ҳаво онҳо метавонанд бо буғҳои обӣ омезиш ёфта,  кислотаҳои оксидиву азотиро ташкил кунанд.

Чӣ тавр метавон аз боронҳои кислотаӣ пешгирӣ намуд?

Роҳи асосии ҳалли масъалаи боронҳои кислотаӣ ба тартиб андохтани  партовҳои оксид ва азот ва дигар кислотаҳо мебошад. Инро метавон бо маҳдуд кардани истифодаи сӯзишвориҳои конӣ ва гузашти пайваста ба дигар намудҳои истеҳсоли барқ: атомӣ, геотермалӣ, офтобиву бодӣ ва ҳамчунин истифодаи фаъоли гидроэнергетика ба даст овард, ки партовҳоро коҳиш медиҳанд. Ҳар одам метавонад истифодаи воситаи нақлиёт ва масрафи неруи барқро кам кунад, ки барои истеҳсоли онҳо сӯзишвории зиёде масраф мешавад.

Камшавии масоҳати ҷангалҳо боиси обхезиҳо мешавад

Давоми тамоми таърихи инсоният одамон ҷангалҳоро танҳо барои зарурати худ истифода мебурданд, вале имрӯз маълум гардид, ки ҷангалҳо дар саросари дунё  бо масоҳати бузург кам гаштаанд; акнун дар мамлакатҳои алоҳида онҳо танҳо 30 – 40 фоизи  масоҳатро фаро мегиранд. Дар Чин  ин нишондод андаке афзунтар аз 20 фоиз аст.

Аз соли 2001 то соли 2018 дар тамоми дунё баробари масоҳати як Ҳиндустон, яъне  қариб 3,6 миллион километри мураббаъ ҷангалзор маҳв шудааст. Худи ҳамин сол дар саросари олам  қариб 25 миллион гектар ҷангал бурида ва ё сӯхта шуд, аз ҷумла барои ҳадафҳои хоҷагии деҳот.

Ҳоло бештар ҷангалҳои тропикиро мебуранд, то дар онҷо роҳҳо бунёд намудаву соҳаи кишоварзиро пеш баранд. Буриши бемаҳдуди ҷангалҳо боиси  афзоиши партовҳои газҳои карбон дар ҳаво ва азбайнравии бисёр намуди растаниҳо ва ҷонварон мегардад, ки онҳо аз макони зисташон маҳрум мешаванд. Буриши ҳамаҷонибаи ҷангал  ҳамчунин  боиси обхезиҳо мешавад, ҳатто дар ҷойҳое, ки боронҳои сахт надоранд.

Камшавии масоҳати ҷангалҳо дар рӯи Замин

Сабаби камшавии масоҳати ҷангалҳо дар рӯи Замин буриши ҳамаҷонибаи онҳо ва сӯхторҳо мебошанд. Беш аз нисфи буриши ҳамаи ҷангалҳо дар сайёра бо сабаби чаҳор  маҳсулот ба вуҷуд меоянд:  гӯшти гов (истеъмоли он), соя (як навъ лӯбиё),    палма (нахлҳое, ки аз онҳо равған мегиранд)  ва маҳсулоте, ки аз чӯбҳо омода карда мешаванд. Одамон масоҳати бузурги  ҷангалҳоро мебуранд, то заминро тоза намуда, барои зарурати хоҷагӣ: кишти сояву палма ва чарогоҳи ҷонварон истифода баранд. Ҳамчунин масоҳати зиёде аз буришҳои берун аз назорат барои савдои ғайриқонунии дарахтони арзишдор амалӣ мегардад.

Роҳҳои ҳалли масъала

Мутахассисон эҳтимоли онро доранд, ки пеши роҳи камшавии масоҳати ҷангалҳоро  метавон бо амалӣ кардани истифодаи услубҳои пойдори хоҷагии  деҳот  ва технологияҳои наве, ки барои гирифтани ҳосил майдонҳои зиёдро  тақозо надоранд, гирифт. Ҳамчунон муҳим аст, ки ба барқароркунии ҷангалҳо машғул шавем, ки ин имкон медиҳад қитъаҳои аз буриши одамон ва ё фоҷиаҳои табиӣ зиёндида ба худ оянд. Дар ин майдонҳо сохтани  шабакаҳои обёрӣ, барқароркунии асосҳои замин ва олами ҳайвонот хеле муҳиманд. Пешгирии сӯхторҳо ва сари вақт хомӯш кардани онҳо низ муҳим аст. Ҳар нафар инсони алоҳида метавонад аз истифодаи коғази боркашоние, ки равғани палма дорад, даст кашида, воситаи дигареро ба кор гирад. Аммо, масъаларо танҳо дар якҷоягӣ ва дастҷамъона бо иштироки ҳама мамлакатҳои ҷаҳон ба таври фарогир метавон ҳал кард. Дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди тағйирёбии иқлим соли 2020 беш аз сад  мамлакати олам уҳдадор шуданд, ки буриши ҷангалҳоро қатъ кунанд.

Тиҳишавӣ ва таназзули замин (хок)

 Тиҳишавӣ — ин ҷараёни пастшавии биологии ҳосилнокии заминҳои хушк аст. Имрӯз беш аз 40 фоизи Замин ба  ин ҳолат  гирифтор аст. Дар ин ҳудудҳо  беш аз 2  миллиард  одамон зиндагӣ карда, дар онҳо қариб сеяки маҳсулоти хоҷагиҳо парвариш меёбанд. Ва ин заминҳо  бештар ба тиҳишавӣ гирифтор шудаанд.

Заминҳое, ки замоне ҳосилез буданд, бо таъсири инсон ва гармшавии иқлим гирифтори эрозия, яъне, бодлесӣ ё бодхӯрдашавӣ гардидаанд. Имрӯз таҳдиди тиҳишавии замин сад мамлакати оламро фаро гирифтааст.

Тибқи маълумоти Комиссияи аврупоӣ, то соли 2018 ба  тиҳишавии замин  75  фоизи масоҳати Замин  гирифтор буд.  То соли 2050  ин нишондиҳанда  метавонад ба 90 фоиз расад. Хатар ба хоҷагиҳи кишоварзии  Ҳиндустон, Чин ва мамлакатҳои Африқо ба ҷануб аз Сахара  таҳдид дорад. Дар он ҷойҳо тиҳишавии хок  метавонад ҳосилнокиро  ду баробар кам кунад.

Сабабҳо

Сабабҳои тиҳишавӣ ва бодлесии хоки замин саноати фаъоли  истеҳсоли маъдани кӯҳӣ,  хоҷагии кишоварзӣ ва чорводорӣ мебошанд. Дар баробари ривоҷи ин соҳаҳо ҳарчи бештар дарахтон бурида мешаванд, саноати кишоварзӣ ва порукунонӣ заминҳоро тиҳӣ аз неру мегардонанд. Ҳамчунин тағйирёбии иқлим, ки  дар гӯшаҳои алоҳида ба хушксолии пайдарҳам меорад, нақши худро мегузорад.

Роҳҳои ҳалли масъала

 Соли 1994 Созмони Милали Муттаҳид Созишномаро оид ба  мубориза  ба муқобили биёбонишавии заминҳои  беш аз 120 мамлакат дар мавриди ҳимояи мавзеъҳои шудгорӣ  ва барқарорсозии  заминҳои зиёндида ва ҳалли мушкили обёрии онҳо ба имзо расонид. Ба андешаи олимон, тиҳишавии заминҳо ва гармшавии глобалии иқлим ба ҳамдигар зич алоқаманд ҳастанд, аз ин рӯ ҳамчунин кӯшишҳоро барои кам кардани  партовҳои карбонӣ бояд равона кард. Дар баробари ин  дар сатҳи маҳаллӣ дар ҳудудҳои алоҳидаи  Осиёву  Африқо, ки дар он ҷо теъдоди  фермаҳои шахсӣ зиёданд, нозирон  тавсия медиҳанд, ки ҳосилнокии биологии заминҳо  бо тарзҳои одиву маҳдуд дастгирӣ шаванд. Масалан, «қапқонҳои намакин» сохта шаванд, ки  резиши намак ба  заминҳоро  пешгирӣ карда,  пеши роҳи талафоти обро бигиранд. Илова ба ин, дар як майдон парвариши намудҳои гуногуни зироатро дар давраҳои гуногуни нашъу нумӯ  таҷриба бояд кард,  ки талафоти неруи заминро кам мекунад ва чунин таҷриба ба ҳар заминдор маълум аст. Барои кам кардани эрозияи бодии замин ташкили хатҳои ҳимоя аз шамол тавассути дарахтон тавсия дода мешавад. Олимон андеша доранд, ки ҳатто чунин усулҳои одӣ метавонанд натиҷаҳои таъсирбахш дар сатҳи маҳаллӣ  бидиҳанд.

Олудашавии  муҳити атроф, аз ҷумла бо пластикҳо

Ин масъала ба ҳама мамлакатҳо дахл дорад, хусусан он дар назди мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ ҷиддитар меистад. Кайҳост, ки олимон диққати ҷомеаро ба масъалаҳои истифодаи унсурҳои заҳролудкунанда ва ҳолатҳои кимиёвии устуворе, ки дар таркиби маводи ғизоӣ ва хӯроквориҳо ҷамъ машаванд ва ба ҳама гуна ҷисмҳо таъсир мегузоранд, ҷалб мекунанд. Масъалаи олудашавии ҳаво хеле ҷиддӣ дар мегаполисҳо, тамиз кардани сарчашмаҳои оби равон,  идора кардани  партовҳои хатарнок ва коркарди онҳо зуҳур дорад.  Истифодаи пластикҳо ҳамарӯза инкишоф меёбад ва ин боиси ифлосшавии заминҳо ва уқёнуси ҷаҳонӣ гардидааст. Новобаста ба он ки  мушкили олудашавиро ба шаҳрҳои бузург алоқаманд медонанд, онҳо тамоми гӯшаҳои сайёра, ҳатто дуртарин гӯшаҳои онро  фаро гирифтаанд.

Масалан, дар рӯйи яхҳои Антарктида пестисидҳо ва дигар анвои унсурҳои кимиёвӣ мушоҳида шудаанд. Дар қисмати шимолии Уқёнуси ором доғи бузурги партови машҳур ва  ба ҳама  маълум бо номи Партови бузурги Уқёнуси ором  дар рӯи об аст.

Сабабҳо

Сабабҳои олудашавии муҳити атроф инҳоянд: газҳои истихорҷшаванда аз автомобилҳо, обҳои шорандае, ки бо ҳар роҳ ба заминҳо мераванд ва Уқёнуси ҷаҳонӣ, пестисидҳое, ки дар хоҷагиҳои кишоварзӣ истифода шуда, ба таркиби обҳои зеризаминӣ мепайванданд ва ба ҳаво паҳн мешаванд. Дар бисёр мамлакатҳо  масъалаи коркарди партовҳо чун натиҷаи умумии олудашавӣ аз партовҳо ва пластикаҳои маишӣ сахт ҳалталаб мебошад. Хусусан пластикаҳоро вақтҳои охир аз ҳама ҷо, дар яхҳои қутбӣ ва таркиби пакетҳои чойӣ метавон пайдо кард.

Барои пешгирии  олудашавии муҳити атроф чӣ бояд кард?

Гирифтани пеши роҳи суръати  олудашавии муҳит танҳо ҳамаҷониба бо ҷорӣ кардани коркарди партовҳо ва истифодаи такрории шиша, алюминий ва пластика имкон дорад. Ин кор метавонад миқдори партовҳоро кам кунад. Алҳол пешсафи ҳаракат дар ин масъалаҳо Австрия ва Швейсария мебошанд. Онҳо то 60 фоизи  партовҳои худро коркард мекунанд. Чунин мамлакатҳо дар асос ва сатҳи  қонунияташон маҳдудият ба  миқдор ва намудҳои маҳсулоти кимиёвие, ки дар саноат истифода мешавад, гузошта, барои аз ҳад афзоиш ёфтани партовҳо ҷаримаҳо таъйин мекунанд. Дар баробари ин истифодаи ҳамаҷонибаи бунгоҳҳои тозакунӣ барои пешгирии  олудашавии обҳои зеризаминӣ ва Уқёнуси ҷаҳонӣ хеле муҳим аст.

Афзоиши аҳолӣ

Дар асри охир теъдоди одамон дар сайёра чор баробар: аз 2,3 миллиард нафар дар соли 1940 то беш аз 8 миллиард дар замони имрӯз афзоиш ёфтааст. Дар 50 соли охир сайёраи мо авҷи тағйироти демографиро аз сар гузаронид. Ва ин бо вуҷуди паст кардани сатҳи таваллуд. Имрӯз бо мушкилии доштани аҳолии зиёд хусусан мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ гирифтор ҳастанд. Аммо он қисми  бузурги сайёраро фаро мегирад. Теъдоди аҳолӣ дар як сол ба ҳисоби миёна  1,1 фоиз афзиш меёбад, ки ин ҷамъи 75 миллион одам ҳамасола мебошад. Мутахассисони соҳаи демографӣ пешгӯӣ кардаанд, ки  шумораи аҳолии дунё то охири садсолаи равон ба авҷи  қуллаи худ мерасад.

Сабабҳо

Яке аз сабабҳои сераҳолишавии Замин камшавии фавт, аз  ҷумла, дар байни тифлон дар моварои тараққиёти соҳаи тандурустӣ ва истифодаи нокомили пешгирии бордоршавӣ мебошад. Аз рӯи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, дар мамлакатҳои мутараққӣ  беш аз 200 миллион зан, ки зоиши фарзандро ба нақша нагирифтаанд,  аз воситаҳои пешгирӣ истифода намекунанд. Ҳамчунин ба афзоиши аҳолӣ тафриқа ё норасоии маълумоти гендерӣ ва каммаълумотии занони мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ таъсир мегузорад. Ҳозир дар тамоми дунё 130 миллион духтарча ба мактаб намеравад.  Даҳ фоизи онҳо ҳеҷ вақт навиштану хонданро ёд намегиранд.

Роҳҳои ҳалли масъала

Ба андешаи коршиносон, барои ҳалли масъалаи сераҳолишавии Замин бояд сиёсати дастрасии донишомӯзиро  барои ҳамаи табақаҳои инсонҳо амалӣ кард ва аз таҷрибаи издивоҷи кӯдакон дар мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ даст кашид. Афзоиши аҳолиро  метавон тавассути ҳарчи бештар додани маълумот оид ба масъалаҳои пешгирии ҳомиланокӣ, барномаҳои оилавӣ ва тарбияи ҷинсӣ пешгирӣ кард.

Камшавии захираҳои табиӣ

Яке аз натиҷаҳои афзиши аҳолӣ истифода ва камшавии пайвастаи захираҳои сайёра мебошад. Афзоиши ҳаҷми умумии истеъмол ва баланд шудани талабот ба нафту газ, канданиҳои фоиданок, ҷангал ва обҳо сабаби боло рафтани ҳаҷми истеъмолу истеҳсоли онҳо гардидааст. Аз рӯи баҳогузории Созмони Милали Муттаҳид,  дар 50 соли истифодаи захираҳо  он беш аз се маротиба афзоиш ёфтааст. Ҳаҷми  истифодаи канданиҳои фоиданок, ба истиснои металл 5 баробар афзуд, сӯзишворӣ 45 фоиз. Имрӯз беш аз нисфи энергияи ҷаҳонӣ аз ҳисоби канданиҳои сӯзишворӣ таъмин мегардад. Худи ҳамин сол аз ҷониби ҳама давлатҳо 79 миллиард тонна захираҳои гуногун ба даст оварда шудаанд. Захираҳои асосии сайёра, ки имрӯз  рӯ ба маҳвшавӣ доранд, об, ангишт, гази табиӣ, фосфор ва моҳӣ ҳисобида мешаванд.

Сабабҳо

Сабаби маҳвшавии  захираҳои Замин  афзоиши аҳолӣ  ва талаботи рӯзафзуни он мебошад. Талабот дар навбати худ ба тараққиёти  тамоми соҳаҳои саноат: бинокорӣ, барқӣ, хӯрокворӣ ва ғайра вобастагӣ дорад. Буридани ҷангалҳо ба вайроншавӣ ва азбайнравии системаи экологӣ,  инкишофи хоҷагии кишоварзӣ – харобшавии замин ва эрозияи он меорад. Ҳамчунин бо сабаби фаъолияти антропогении захираҳои табиат дар навбати аввал об олуда мегардад.

Истифодаи сарчашмаҳои содирсозандаи барқ: офтобӣ, бодӣ ва гидроэнергетикӣ

Барои ҳалли мушкилоти коҳиши захираҳои табиат бисёре аз мамлакатҳо ба истифодаи сарчашмаҳои  содирсозандаи барқ: офтобӣ, бодӣ ва гидроэнергетикӣ рӯ овардаанд. Барномаҳое коркард мешаванд, ки ба коҳиши буридани ҷангал равона шудаанд ва истеҳсолгарони маҳсулоти нефтӣ таҷрибаҳоеро, ба мисли усулҳои истеҳсолоти сарфакорона ба кор мебаранд. Барои маҳфуз доштани табиати рангоранг ва захираҳои обӣ барномаҳои ҳимояи растаниҳои обию ботлоқӣ ва системаи экологии соҳилҳо коркард мешаванд.

Мо кӯшиш намудем сабабҳои асосии тағйироти иқлим ва таназзули  захираҳои табиии сайёраро, ки пажуҳишҳои имрӯзии олимони дунё муайян кардаанд, ба хонанда нишон диҳем, зеро донистани онҳо барои ҳар нафар шарт аст. Ҳар нафар сокини сайёра бояд нисбат ба ин масъала бетараф набошад ва дар роҳи рафъи ин мушкилоти тақдирсоз  саҳм гузорад.

Чунонки медонем, Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо имрӯз зери роҳбарии хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сафи аввали муҳофизони табиат ҷой дорад. Ҷаҳониён Пешвои миллати моро ҳамчун яке аз ташаббускорон ва саҳмгузорони пешсафи масъалаҳои ҳифзи табиати сайёра мешиносанд. Хусусан иқдоми Пешвои миллати мо дар мавриди ниҳолшинонӣ ва  сарсабзсозии муҳити атроф, таъсиси боғу гулгаштҳои бузург дар мамлакат, иқдом дар роҳи огоҳии мардуми ҷаҳон аз обшавии пиряхҳо ва тағйироти глобалии сайёра, иқдом дар роҳи бунёди неругоҳҳои барқӣ, яъне, истеҳсоли неруи “сабз”-и безиён ва ғайраҳо нишони он аст, ки Тоҷикистон дар сафи аввали муҳофизони табиат қарор дорад.

Мо аллакай мебинем, ки ташаббусҳои давлати мо ва Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори бо ҳам ҳамфикр гардидани сарони давлатҳову мамлакатҳои ҷаҳон барои ҳифзи Замин, яъне ҳифзи зиндагонии ҳар нафар сокини сайёра самараи мусбат ба бор меоранд. Ва ин мояи ифтихори мо мебошад.

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар» 

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 21, 2024 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
ҲИЗБИ СОЗАНДАИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон