Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар мулоқоти вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Эрон дар Теҳрон баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 24.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва аҳамияти Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои минтақа дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва вазири навтаъйини неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиабодӣ дар Теҳрон баррасӣ гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамзамон лоиҳаи «Азнавпайвастшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ», тарҳи минтақавии «САSA-1000», инчунин интиқоли нафти хом барои эҳтиёҷоти корхонаҳои коркарди нафти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳвари мулоқоти вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Эрон қарор гирифт.
Зимнан бояд гуфт, ки Далер Ҷумъа ва Аббос Алиабодӣ ҳамраисони Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Эрон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ мебошанд. Аз ин рӯ, дар ҷараёни мулоқот ҳолат ва дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон матраҳ гардид.
Изҳори итминон карда шуд, ки савдои хориҷӣ байни ду давлати дӯст тавсеа ёфта, ба сатҳи нав мебарояд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






