Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро байни палатаҳои савдо ва саноат тақвият мебахшанд

Сентябрь 11, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 11.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 10 сентябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо муовини якуми раиси Палатаи савдо ва саноати Давлати Қатар Муҳаммад бин Аҳмад бин Тувар Ал-Куварӣ мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимнан, ҷонибҳо масоили густариши ҳамкории мутақобилан судмандро дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, сармоягузорӣ, биносозӣ, аз ҷумла сохтмони марказҳои савдою тиҷорат баррасӣ карданд.

Инчунин оид ба барқарор намудани робитаҳо байни палатаҳои савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Давлати Қатар табодули афкор намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 11, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Ассотсиатсияи табибони «Avicenna» вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Палатаи муштараки тиҷоратии Швейтсария баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси Маркази миллии ҳамкории судии байналмилалии Ироқ мулоқот намуд
Қоҳир Расулзода бо роҳбари Бюрои рушди иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ Космос Завазава мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Дар шаҳри Абу Забӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар Давҳа 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид