Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи молия густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 13.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 сентябр дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо мақсади дар амал татбиқ намудани Ёддошти тафоҳум байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон аз ҷониби муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ ва муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Қазоқистон Кенбеил Даурен Маратули нақшаи чорабиниҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Дар ин замина ҳайати Вазорати молияи Тоҷикистон бо таҷрибаи пешқадами Вазорати молияи Қазоқистон дар самти рақамикунонии низоми молияи давлатӣ, маблағгузории соҳаи маориф ва низоми автоматикунонии хариди давлатӣ шинос шуд.
Инчунин намояндагони Вазорати молия бо фаъолияти Маркази электронии молиявии Қазоқистон шинос шуданд. Ҷонибҳо барои боз ҳам тақвият додани ҳамкории мутақобилан судманд байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон ва мубодилаи таҷриба дар ин самт изҳори омодагӣ намуданд.
Юсуф Маҷидӣ ҳайати Қазоқистонро барои шиносоӣ бо низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ ба Тоҷикистон даъват намуд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳамкории Тоҷикистон бо Муғулистон дар самти идоракунии захираҳои обӣ баррасӣ шуд
Ассотсиатсияи миллии сайёҳии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Кӯлоб оид ба истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Дар Қазоқистон ҷаласаи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Муовини Сарвазир бо фаъолияти хоҷагиҳои ҷамоавии минтақаи Рашт шинос шуд
Кирмакпарварони шаҳри Ҳисор нақшаи истеҳсоли пилларо сад фоиз иҷро намуданд
Татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки иҷтимоию иқтисодӣ бо Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ баррасӣ гардид
Дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Кӯлоб ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Душанбе конфронси соҳавии бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ баргузор шуд
Рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва CIPE баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласа оид ба таҳкими низоми огоҳсозии бармаҳал дар Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои СММ доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти мансабдорони аршади CAREC-2026 дар Улан-Батор иштирок менамояд






