Тоҷикистон ва Покистон барои таъсиси корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ изҳори омодагӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 13.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 сентябр дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаласаи 23-юми вазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки барои фаъолияти иқтисодӣ ва тиҷоратии хориҷӣ масъул ҳастанд, доир шуд. Дар ҳошияи ҷаласа вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Вазири тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҷам Камал Хан баргузор гардида, ҷонибҳо масъалаи ҷалби сармояро барои таъсиси корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ баррасӣ карданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ иброз гардид, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи роҳбарони ҳарду давлат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф ҳамкории дуҷониба давра ба давра тамоюли рушд касб намуд.
Аз ҷумла, гардиши савдои хориҷии солона байни Тоҷикистон ва Покистон то 53 миллион доллар ё 62 фоиз афзоиш ёфт.
Завқӣ Завқизода ҳамтои худро даъват намуд, ки барои ҷалби сармояи Ҷумҳурии Исломии Покистон ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, бахусус сохтмону навсозии неругоҳҳо барои истеҳсоли энергияи «сабз» ва таъсиси корхонаҳои саноатии муштарак, аз ҷумла оид ба истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ мусоидат намояд.
Ҳамзамон ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи гардиши савдои дуҷониба, зиёд намудани маҳсулоти содиротӣ, густариши ҳамкорӣ дар самтҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт, логистика, имконияти истифодаи транзитии молҳо ва бандарҳои Покистон, инчунин воридоти шакарро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории дуҷониба изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






