Тоҷикистон ва Покистон барои таъсиси корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ изҳори омодагӣ намуданд

Сентябрь 13, 2024 13:17

ДУШАНБЕ, 13.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 сентябр дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаласаи 23-юми вазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки барои фаъолияти иқтисодӣ ва тиҷоратии хориҷӣ масъул ҳастанд, доир шуд. Дар ҳошияи ҷаласа вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Вазири тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҷам Камал Хан баргузор гардида, ҷонибҳо масъалаи ҷалби сармояро барои таъсиси корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ баррасӣ карданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ иброз гардид, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи роҳбарони ҳарду давлат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф ҳамкории дуҷониба давра ба давра тамоюли рушд касб намуд.

Аз ҷумла, гардиши савдои хориҷии солона байни Тоҷикистон ва Покистон то 53 миллион доллар ё 62 фоиз афзоиш ёфт.

Завқӣ Завқизода ҳамтои худро даъват намуд, ки барои ҷалби сармояи Ҷумҳурии Исломии Покистон ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, бахусус сохтмону навсозии неругоҳҳо барои истеҳсоли энергияи «сабз» ва таъсиси корхонаҳои саноатии муштарак, аз ҷумла оид ба истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ мусоидат намояд.

Ҳамзамон ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи гардиши савдои дуҷониба, зиёд намудани маҳсулоти содиротӣ, густариши ҳамкорӣ  дар самтҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт, логистика, имконияти истифодаи транзитии молҳо ва бандарҳои Покистон, инчунин воридоти шакарро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории дуҷониба изҳори омодагӣ  намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 13, 2024 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони Ҷамоати деҳоти «Чорбоғ»-и ноҳияи Қубодиён дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм мегузоранд
24 МАЙ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОРХӮР. Дар Тоҷикистон саршумори ин ҳайвони нодири пармашох ба 7 000 сар расидааст
Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ҳамкориро дар бахши шуғл ва омодасозии кадрҳо тақвият мебахшанд
Баҳодур Шерализода дар Ню-Йорк ва Вашингтон бо шарикони рушд ва ниҳодҳои байналмилалӣ оид ба ҳамкории иқлимӣ мулоқот намуд
МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ. Ҷаласаи якуми гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба татбиқи Стратегияи давлатӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Боку Форуми соҳибкории Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуд
РАҚАМИКУНОНИИ ҲАМЛУ НАҚЛ. Тоҷикистон ва Қирғизистон нахустин маротиба низоми байналмилалии eTIR-ро озмуданд
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Котиботи давлатии Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ баррасӣ гардид
Вазорати молия натиҷаҳои таҳқиқоти «Буҷети кушода»-и соли 2025-ро муаррифӣ намуд
Дар Боку ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуд
Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро барои рушди энергетикаи «сабз» густариш медиҳанд
Дар Боку ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон баррасӣ гардид