«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Аз 25 то 30 сентябр даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад

Сентябрь 12, 2024 11:35

ДУШАНБЕ, 12.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 то 30 сентябр даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» баргузор мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Даври сеюми озмун аз рӯи номинатсияҳо дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, Коллеҷи санъати ба номи А.Бобоқулов ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир мешавад.

Сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоолим Саидов иброз намуд, ки дар даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 525 довталаб  аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок мекунад. Дар даври якуми озмун 5302 довталаб иштирок карда, 2755 иштирокчии он ба даври дуюм роҳхат гирифт. Таҳлилҳои ҷамъбасти даври якум нишон медиҳанд, ки иштироки довталабон нисбат ба ҳамин давраи соли 2023  860 нафар зиёд аст.

Тибқи иттилои масъулин,  раванди шашсолаи баргузории озмун нишон медиҳад, ки талабот барои иштирок ба озмун сол то сол зиёд мегардад.

Бояд гуфт, ки бо дастури  Пешвои миллат ба соҳибони ҷоизаҳои ифтихорӣ ва ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми озмун дар баробари мукофоти пулӣ инчунин имтиёзҳои дигар низ пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, ғолибони озмун ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо намуда, барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсили миёна ва олии касбии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба таври ройгон- бе супоридани имтиҳон қабул карда мешаванд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 инҷониб баргузор мегардад.

Ёдовар мешвем, ки 5 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории озмун ва галаконсерти иштирокчиён доир мегардад.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 12, 2024 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд