«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Ба Низомномаи озмуни имсола якчанд тағйирот ворид карда шуд

Сентябрь 24, 2024 10:52

ДУШАНБЕ, 24.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷаласа оид ба омодагӣ ба баргузории даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон -Ватани азизи ман» баргузор гардид, ииттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин вазорат.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи ҷумҳуриявии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон -Ватани азизи ман» Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» таҳти сарпарастӣ ва назорати қатъии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Иброз гардид, ки бо назардошти талаботи замон ва таҷрибаҳои андӯхта бо пешниҳоди мутахассисони соҳа ба Низомномаи озмуни имсола якчанд тағйирот ворид карда шуд. Аз ҷумла, ивазсозии номинатсияи композиторӣ ба оҳангсозӣ-бастакорӣ, иштироки шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил ё фаъолият доранд, супоридани асарҳои ғолибони даври сеюми озмун аз номинатсияи санъати тасвирӣ ва дизайн ба Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба таври ройгон қабул намудани ғолибони даври ҷумҳуриявии озмун ба ихтисосҳои омӯзгории равияи санъати тасвирӣ ва мусиқии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус, миёнаи касбӣ ва олии касбии мамлакат то муҳлати се сол бе супоридани имтиҳонҳо аз ҷумлаи ин навгониҳо мебошанд.

Тавре қаблан иттилоъ додем, даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» аз 25 то 30 сентябр баргузор мегардад. Даври сеюми озмун аз рӯи номинатсияҳо дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа  Сатторов, Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир мешавад.

Сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоолим Саидов иброз намуд, ки дар даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 525 довталаб  аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок мекунад. Дар даври якуми озмун 5302 довталаб иштирок карда, 2755 иштирокчӣ ба даври дуюм роҳхат гирифт. Таҳлили ҷамъбасти даври якум нишон медиҳад, ки иштироки довталабон нисбат ба ҳамин давраи соли 2023   860 нафар зиёд аст.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 инҷониб баргузор мегардад.

Мақсад аз баргузории озмун- муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, таблиғ ва эҳёи санъати миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ мебошад.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Сентябрь 24, 2024 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик