«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
КӮЛОБ, 18.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр бо ҷалби кормандони корхонаю ташкилот ва сокинон дар сойи Тебалай, ки аз маркази шаҳр мегузарад, ҳашари тозагии соҳил гузаронида шуд.
Тавре сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб Ҳасан Тағоев ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ҳафтае як маротиба дар шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагии соҳил ва тозагии маҳал гузаронида мешавад. Дар онҳо садҳо нафар сокинон иштирок намуда, даҳҳо метри мукааб партовҳоро ба ҷойҳои муайян мекашонанд. Ин иқдом шаҳрро аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ эмин дошта, кормандони Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ низ барои пешгирӣ аз хуруҷи бемориҳои сироятӣ назорати қатъӣ мебаранд. Ҳамин гуна ҳашарҳо дар дигар сою ҷӯйбор ва назди ташкилоту корхонаҳо гузаронида мешаванд.
Бояд гуфт, ки давоми солҳои охир партовҳои маишӣ аз ҳисоби зарфҳои пластикӣ ва дигар маводи аз пластмасса истеҳсолшуда хеле зиёд шудаанд. Ҳамзамон канори шоҳроҳҳо, партовгоҳҳо ва сою каналҳо аз онҳо пур шудааст. Зарфҳои пластикӣ барои кори кормандони коммуналӣ мушкилии зиёд ба бор овардаанд.
Дар аксар маврид чунин партовҳо дар ҷӯйборҳои обрав ва хатҳои ташноб ҷамъ шуда, вазъи санитарию эпидимиологиро вайрон мекунанд. Ба тариқи чунин ҳашарҳо даҳҳо метри мукааб партовҳо аз шаҳр берун бароварда мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд






