«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд

Сентябрь 18, 2024 13:58

КӮЛОБ, 18.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр бо ҷалби кормандони корхонаю ташкилот ва сокинон дар сойи Тебалай, ки аз маркази шаҳр мегузарад, ҳашари тозагии соҳил гузаронида шуд.

Тавре  сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб  Ҳасан Тағоев ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар»  иттилоъ дод, ҳафтае як маротиба дар шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагии  соҳил  ва тозагии маҳал гузаронида мешавад. Дар онҳо садҳо нафар  сокинон иштирок намуда,  даҳҳо метри мукааб партовҳоро  ба ҷойҳои муайян мекашонанд. Ин иқдом шаҳрро аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ эмин дошта, кормандони Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ низ барои пешгирӣ аз хуруҷи бемориҳои сироятӣ назорати қатъӣ мебаранд. Ҳамин гуна ҳашарҳо дар дигар сою ҷӯйбор ва назди ташкилоту корхонаҳо гузаронида мешаванд.

Бояд гуфт, ки давоми солҳои охир партовҳои маишӣ аз ҳисоби зарфҳои пластикӣ ва дигар маводи аз пластмасса истеҳсолшуда хеле зиёд шудаанд. Ҳамзамон канори шоҳроҳҳо, партовгоҳҳо ва сою каналҳо аз онҳо пур шудааст. Зарфҳои пластикӣ барои кори кормандони коммуналӣ мушкилии зиёд ба бор овардаанд.

Дар аксар маврид чунин партовҳо дар ҷӯйборҳои обрав ва хатҳои ташноб ҷамъ шуда, вазъи санитарию эпидимиологиро вайрон мекунанд. Ба тариқи чунин ҳашарҳо даҳҳо метри мукааб партовҳо аз шаҳр берун бароварда мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 18, 2024 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд