Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия оид ба таъмини иттилоотии фаъолияти сиёсати хориҷӣ машварат доир намуданд

Сентябрь 18, 2024 10:43

ДУШАНБЕ, 18.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 17 сентябр дар шакли маҷозӣ машваратҳо байни  вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия оид ба таъмини иттилоотии фаъолияти сиёсати хориҷӣ ва кор бо воситаҳои ахбори омма дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои марбутаи мақоми сиёсати хориҷии ду давлат баргузор гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷонибҳо зимни мулоқот вобаста ба масъалаҳои гуногуни ҳамкории дуҷониба дар ин самт бо таваҷҷуҳ ба таҳкими ҳамоҳангсозии байниидоравӣ дар соҳаи сиёсати иттилоотӣ табодули афкори пурмуҳтаво доир карданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин бобати таҳкими ҳамкорӣ барои фароҳам овардани заминаи мусоид дар фазои иттилоотӣ ва рушди ҳамкории мутақобилан судманд дар қолабҳои бисёрҷониба ба мувофиқа расиданд.

Ҳамзамон муҳимияти кори муштарак оид ба муқовимат ба паҳншавии маълумоти бардурӯғ дар фазои иттилотӣ оид ба  Тоҷикистон ва Русия, робитаҳои ду давлат, инчунин дар мавзуи муносибатҳо байни миллатҳо таъкид карда шуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 18, 2024 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд