Вобаста ба бақайдгирии ихтироот тавассути низоми Шартнома оид ба ҳамкории патентӣ машғулият доир шуд
ДУШАНБЕ, 24.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар мавзуи «Бақайдгирии ихтироот тавассути низоми Шартнома оид ба ҳамкории патентӣ» бо фарогирии коршиносони муассиса, ихтироъкорони фаъоли мамлакат ва намояндагони Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ машғулияти омӯзишӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази миллии патенту иттилоот хабар доданд.
Мақсад аз баргузории машғулият- иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» буд. Инчунин баргузории машғулият ба раванди тақвият бахшидани рушди соҳаи моликияти зеҳнии мамлакат ва табодули таҷриба байни коршиносони Идораи патентии Тоҷикистон ва коршиносони хориҷӣ заминаи мусоид мегузорад.
Машғулият аз қисматҳои омӯзишӣ ва таҷрибавӣ иборат буда, дар раванди он коршиносон ва ихтироъкорон бо коршинсони хориҷӣ табодули афкор намуданд.
АКС: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»








Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд






