Рустами Эмомалӣ бо Валентина Матвиенко вохӯрӣ намуданд

Октябрь 10, 2024 10:13

ДУШАНБЕ, 10.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. 10 октябр дар шаҳри Душанбе мулоқоти хоссаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко, ки бо сафари корӣ барои  иштирок дар Конференсияи байналмилалии байнипарламентӣ таҳти унвони «30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Форуми VIII байнипарламентии «Тоҷикистон – Русия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» ба Тоҷикистон ташриф овард, баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Русия дар соҳаҳои афзалиятнок ва мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳор доштанд, ки Русия  ва Тоҷикистон шарикони воқеии  стратегӣ буда дар Тоҷикистон ба рушду таҳкими рӯзафзуни муносибатҳои байнидавлатӣ бо Федератсияи Русия аҳамияти зарурӣ дода мешавад.

Ҷонибҳо аз раванди рушди муносибатҳои байнипарламентии ду мамлакат изҳори қаноатмандӣ карда, ба нақши парламентҳои ҳарду давлат ҳамчун воситаи муҳимму боътимоди рушди ҳамкорӣ баҳои баланд доданд.

Таъкид гардид, ки Форуми байнипарламентии Тоҷикистон-Русия  оид ба ҳамкории минтақавӣ на танҳо барои палатаҳои болоии парламентҳо, балки барои намояндагони доираи васеи кории ҳарду давлат  майдони босамари муколамаи байнипарламентӣ ва баррасии масъалаҳои мубрами дуҷониба ба ҳисоб меравад.

Дар мулоқот доир ба тақвияти муносибатҳои гуногунҷанба байни минтақаҳои Тоҷикистон ва Русия, рушду тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва густариши равобити фарҳангию гуманитарӣ мулоҳизаҳои судманд баён гардиданд.

Ҳамчунин  дар мулоқот дар атрофи масоили байналмилалӣ, аз ҷумла, вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон табодули афкор доир шуд.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 10, 2024 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»
Файзалӣ Идизода: «Ассамблеяи парламентии Осиё дар ташаккули фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ нақши муҳим дорад»
Дар Душанбе ҷаласаи Раёсат/Бюрои Ассамблеяи парлумонии Осиё баргузор гардид
Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ оғоз шуд
Мавсума Муинӣ бо раиси Комиссияи Сенати Шоҳигарии Камбоҷа оид ба ҳуқуқи инсон вохӯрӣ намуд
Мавсума Муинӣ бо роҳбари ҳайати Подшоҳии Баҳрайн Аҳмад Алсаллум вохӯрӣ намуд
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кипр густариш меёбанд
Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Бангладеш баррасӣ гардид
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ доир мегардад