Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 23.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 21 то 26 октябри соли равон дар Вашингтон ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар соли 2024 гузаронида мешаванд. Ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода намояндагӣ мекунанд.
Дар кори ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ҳамасола намояндагони сатҳи баланди бонкҳои марказӣ (миллӣ), вазоратҳои молия, фондҳо, ташкилоти байналмилалии молиявӣ, агентиҳои байналмилалӣ ва роҳбарони бахшҳои хусусӣ масъалаҳои марбут ба дурнамои макроиқтисодӣ бо назардошти номуайяниҳо дар бозори молиявӣ, идоракунии дороиҳои давлатӣ дар шароити феълӣ, сармоягузориҳои устувор, ҳамгироии иқлим ва табиат, нақши бонкҳои марказӣ дар идоракунии дороиҳо, мушкилоти амалиётӣ ва шаклҳои гуногуни кумаки самаранокро муҳокима менамоянд.
Ҳамзамон дар баробари мулоқоту суҳбатҳои кории ҳайатҳои гуногуни ҷаҳонӣ дар ҳошияи ҷаласаҳо барои доираи васеи иштирокдорон машваратҳо, брифингҳо ва дигар чорабиниҳо доир ба иқтисоди ҷаҳонӣ, рушди муносибатҳои байналмилалӣ ва низоми молиявии ҷаҳонӣ доир мегарданд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд






