35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯИ ДАВЛАТӢ. Дар Шуғнон осоишгоҳи табобатӣ ва корхонаҳои саноатӣ ба истифода дода шуданд
ДУШАНБЕ, 16.10.2024. /АМИТ «Ховар». Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон бо иштироки намояндагони дахлдори мамлакат корхонаҳои саноатӣ ва осоишгоҳи табобатӣ ба истифода дода шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон хабар медиҳад.
Осоишгоҳи табобатӣ ба талаботи санитариву гигиенӣ ҷавобгӯ буда, дорои ҳуҷраҳои барҳаво ва ҳавзҳои шиноварӣ бо фарогирии 7 ҷойи кор мебошад. Он тибқи талаботи меъморию шаҳрсозӣ сохта шуда, дар як шабонарӯз метавонад ба 15 нафар хизмат расонад.
Осоишгоҳ аз ҳисоби соҳибкори маҳаллӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бо тарҳи наву замонавӣ ба истифода дода шуд.
Инчунин дар ноҳия корхонаи истеҳсоли хиштҳои сементии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Субҳия» ба фаъолият оғоз намуд.
Коргоҳ дорои таҳҷизот ва технологияи нави истеҳсолӣ буда, сохтмони он соли 2023 оғоз гардида буд. Зимни бунёди иншоот 11 сохтмончии маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардид.
Корхонаи истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонӣ, ки дар деҳаи Боғеви Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон қарор дорад, низ ба истифода дода шуд.
Корхона дар заминаи корхонаи ғалла бунёд ёфта, барои ба фурӯш баровардани маҳсулоти ниҳоии нонӣ дар ҳудуди ноҳия пешбинӣ шудааст.


АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон








Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд






