Дар Тоҷикистон то аввали моҳи октябр беш аз 90 ҳазор тонна ангур ҷамъоварӣ гардидааст

Октябрь 8, 2024 09:17

ДУШАНБЕ, 08.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. То 4 октябр дар ҷумҳурӣ 340 ҳазору 941 тонна мевагиҳо ҷамъоварӣ гардидаанд, ки 92 ҳазору 538 тоннаи онро ангур ташкил медиҳад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷумҳурӣ майдони боғу токзор 206 ҳазору 535 гектарро ташкил медиҳад, ки 39 ҳазору 922 гектараш токзор аст.

Ҳамчунин бо мақсади баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 августи имсол дар 495 гектар боғ ва дар 25,8 гектар токзор бунёд намудаанд. Инчунин дар ин давра 219 гектар боғ ва 32,5 гектар токзор барқарор гардидаанд.

30 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» қабул гардид.

Ин барнома ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ, дастрасии корхонаҳои коркард ба ашёи хом, афзоиши иқтидори содиротӣ, коҳиш додани вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти воридотӣ нигаронида шудааст.

Зимни амалӣ гардидани ин барнома майдони токзор бештар мегардад.

Имрӯз ангурпарварони мамлакат дар баробари ба бозори истеъмоли ба фурӯш баровардани он, инчунин ба захира ва хушк намудани ангур машғул мебошанд. Мутахассисон иброз медоранд, ки ангурро дар хонаҳои махсус барои зимистон ва баҳор низ нигаҳ медоранд. Дар деҳаҳои шимоли водии Ҳисор, ки мардумаш ба ангурпарварӣ шуғл доранд, ангурро дар моҳи октябр, пеш аз сардиҳо ҷамъоварӣ мекунанд. Дар ҳар ҳавлии боғдорон ҳуҷрае бо номи «ангурхона» мавҷуд аст, ки дар он хӯшаҳои ангурро ба торҳои аз шифт ба поён овезон мебанданд. Пеш аз он ки ангурро ба шифти хона овезанд, аввал дар Офтоб чанд соат мегузоранд, то думчаи тараш пажмурда шавад.

Дар Тоҷикистон чунин навъҳои ангур бештар парвариш карда мешаванд: пешпазак — чиллагии сафед, зарифӣ, ҳисории пешпазак; миёнапазак — кишмиши сиёҳ, кишмиши хушрӯ, кишмиши сафед, ҳусайнии сафед, қароҷанҷол, султонӣ, шакарангур, анзоб; миёнапазак — тоифии сурх, нимранг; шаробӣ — саперавӣ, ркатсителӣ, мускати сурх, тавкверӣ, тербаш, тагобӣ, морастел, рислинг, алиатико, алиготе, расмӣ, кӯлҷонӣ, пинос, сиёҳ ва ғайра.

Ба андешаи мутахассисони соҳаи тиб, ангур меваи сабуке аст, ки ҳангоми ҳазм нашудани ғизо ва ё дарди меъда сабукӣ меорад. Инчунин ба қабзияти шикам мусоид буда, дарди рӯдаву меъдаро бартараф месозад. Хусусияти осон кардани фаъолияти гурдаро доро буда, истеъмоли он ба паст шудани кислотаҳо дар пешобдон мусоидат мекунад. Мавиз низ ба саломати инсон фоидаовар мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 8, 2024 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид