ҲАФТАИ СОҲИБКОРӢ. Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи соҳибкорон маҷлиси тантанавӣ ва Форуми «STARTUPSTAN-2024» баргузор шуд

Октябрь 12, 2024 13:00

ДУШАНБЕ, 12.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бахшида ба Рӯзи соҳибкорон, ки ҳамасола 14 октябр дар мамлакат таҷлил мегардад, маҷлиси тантанавӣ доир шуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории ин чорабинӣ.

Ҳоким Холиқзода соҳибкорони мамлакатро бо Рӯзи соҳибкорон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, изҳор дошт, ки «бо ташаббуси Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 14 октябр Рӯзи соҳибкорон ҷашн гирифта мешавад. Таъсиси ин сана аз дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Сарвари давлат ҷиҳати рушди соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳад».

«Саҳми соҳибкорон дар пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллии Тоҷикистон хеле муҳим аст. Ҳукумати Тоҷикистон барои беҳдошти фазои соҳибкорӣ ва дастгирии онҳо тадбирҳои муассир меандешад. Маҳз бо дастгирии Президенти мамлакат ба соҳибкорон имтиёзҳо ва сабукиҳо дар фаъолияташон дода шудааст. Аз ҷумла, пешниҳоди қарзҳои хурд, коҳиш додани шумораи мақомоти санҷишӣ, бо тадриҷ аз байн бардоштани монеаҳо аз ҳамин қабил мебошанд»,- афзуд муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки дар ҷумҳурӣ ба соҳибкории занон таваҷҷуҳи хосса дода мешавад. Қабули «Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027» аз ҷумлаи ҳамин тадбирҳои андешидашуда маҳсуб мешавад.

Иброз гардид, ки соҳибкорон ҳамчун муҳаррики пешбарандаи иқтисодиёти мамлакат тавонистанд саҳми худро дар рушд ва афзоиши Маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ гузоранд.

Дар доираи маҷлиси тантанавӣ инчунин имкониятҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид.

Дар анҷоми ҷаласаи тантанавӣ соҳибкорони муваффақ бо мукофотҳо сарфароз гардиданд. Инчунин намоишгоҳи молу маҳсулоти соҳибкорони ватанӣ ташкил карда шуд.

Ҳамзамон имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми «Стартапстан» («STARTUPSTAN») гузаронида шуд, ки дар он намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат, бонкҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон, Бадахшон ва шаҳри Душанбе, муассисаҳои олии ҷумҳурӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Ҳадафи форуми мазкур тақвияти ҳамкорӣ байни соҳибкорон ва вусъати муколама байни бахши давлатӣ ва хусусӣ, дарёфти имкониятҳои рушди стартапҳо мебошад.

Ҳамзамон дар ҳошияи баргузории «Ҳафтаи соҳибкорӣ», конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Соҳибкорӣ омили муҳими рушди иқтисоди миллӣ», ҳамоиш дар мавзуи «Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии соҳикборону сармоягузорон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» гузаронида мешавад. Инчунин 17-18 октябр дар шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ — содиротии «Хатлон Инвест- 2024» ва намоишгоҳи «Бохтар Фуд -2024» баргузор карда мешавад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 12, 2024 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард