Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд

Октябрь 26, 2024 10:58

ДУШАНБЕ, 26.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор /ХБА/ ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар  Вашингтон Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар вохӯрии вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии давлатҳои аъзои Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар мулоқот вазъи кунунии робитаҳои иқтисодӣ ва тадбирҳои андешида оид ба тақвияти ҳамкорӣ байни давлатҳои аъзои Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ муҳокима гардид.

Гуфта шуд, ки сатҳи воқеии савдо байни давлатҳо нисбат ба имконияти мавҷуда хеле паст буда, кишварҳои арабии Халиҷ метавонанд сармоягузориро ба бахши энергетикаи ҷумҳуриҳои  Қавқоз ва Осиёи Марказӣ, махсусан ба лоиҳаҳои неруи барқароршаванда афзоиш диҳанд.

Дар доираи ҳамоиш иштирокдорон барои густариши робитаҳои иқтисодӣ бо ишора ба монеаҳои асосие, ки дар роҳи афзоиши тиҷорат ва сармоягузорӣ байни минтақаҳо истодаанд, оид ба масоили коҳиши монеаҳои тиҷоратӣ, маҳдудияти тарофавӣ ва ғайритарофавӣ, рушди инфрасохтору логистика, таҳкими суботи макроиқтисодӣ ва ҷолиб намудани фазои соҳибкориву идоракунӣ табодули назар карданд.

Дар доираи барномаи ҷаласаҳои солона ҳайати Тоҷикистон инчунин дар мулоқоти вазирон ва раисони бонкҳои марказии кишварҳои минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ бо ҳузури муовини директори идоракунандаи Хазинаи байналмилалии асъор иштирок намуд.

Инчунин Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар машварати мудирони Хазинаи байналмилалии асъор аз кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Октябрь 26, 2024 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд