Ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 31.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки олмонии рушд (KfW) вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода саҳми Бонки олмонии рушдро дар инкишофи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуд. Иброз гардид, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Ҷумҳурии Федеративии Олмон барои густариши минбаъдаи шарикии стратегӣ дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат заминаи мустаҳкам фароҳам оварда шуд.
Дар вохӯрӣ лоиҳаҳои Неругоҳи барқи обии «Себзор», Барномаи ҳифзи саломатии модару кӯдак (марҳилаи VI) ва сохтмони мактабҳо дар деҳот, ки дар якҷоягӣ бо Иттиҳоди Аврупо амалӣ мешаванд, муҳокима гардиданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо барои густариши ҳамкории минбаъда ва татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад






